Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:49

Омӯзиши забони форсӣ дар Русия имконпазир мешавад

3 сентябр 2011, 06:24

Консули кулли ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қазон Расули Шоён зимни боздидаш аз Донишгоҳи омўзгории Бошқирдистон дар ин бора изҳор кардааст.

 


Бино ба гуфтаи ӯ, барои роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи омўзишу парвариш бо Бошқирдистон ҷониби Эрон ҳавасманд мебошад. Барои ин амал тамоми заминаҳо фароҳам омадааст, гуфтааст Расули Шоён.

Ба андешаи дипломати эронӣ, дар навбати аввал ба ҳам наздик будани забонҳои ин ду миллат ва ҳамчунин барои алифбои бошқирдӣ асос гардидани ҳуруфоти арабӣ барои иҷрои ин лоиҳаҳо заминаи мусоид мегузоранд.

Расули Шоён ҳамчунин аз Маркази фарҳанги эронии Донишкадаи забономўзӣ ва қаробатҳои байнифарҳангӣ дидан карда, дар сўҳбати мизи гирд дар мавзўи «Ҳамкориҳои Консулгарии кулли Эрон дар Русия ва Донишгоҳи омўзгории Бошқирдистон» ширкат намудааст.

Гуфта мешавад, Консулгарии кулли Эрон беш аз 130 минтақаи маъмурии Русия, бо шумули Бошқирдистонро фарогир мебошад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!