Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:09

Симпозиуми 5-уми мактабҳои олии ИДМ дар Душанбе сурат мепазирад

3 сентябр 2011, 06:27

Абдуҷаббор Раҳмонов вазири маорифи Тоҷикистон бо Фарит Мухамедшин, роҳбари агентии Федеролӣ оид ба ҳамкориҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ мулоқот намуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуотии вазорати маориф иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои зиёд гардидани квота барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Федератсияи Русия, тавсеа бахшидани омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва дар ин раванд ёрии амалӣ расонидани кишвари Русия ҷиҳати таъмини муассисҳои таълимии Тоҷикистон бо китобу дастурҳои таълимӣ, такмили ихтисоси муҳоҷирони меҳнатӣ, гузаронидани як қатор семинару тренингҳоро дар заминаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Русия оид ба нақши забони русӣ дар фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, гузаронидани симпозиуми 5-уми муассисаҳои олии фарҳангии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил (моҳи окябри соли 2011) аз ҳамкориҳои судманд дар рушди соҳаи маориф маънидод гардид.

 

Абдуҷаббор Раҳмонов ва Фарид Мухамедшин таъсиси Маркази дастрасии коллективиро дар шаҳри Душанбе, ки бо ташаббуси агентии Федоролӣ оид ба ҳамкориҳои ИДМ ҷиҳати такмили ихтисоси омӯзгорони забони русӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар ниёзмандон рӯи кор омадааст, аз муҳимтарин ҳамкориҳо дар соҳаи маориф арзёбӣ намуданд,- афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!