Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:39

То дидори тимҳои миллии Тоҷикистону Ӯзбакистон 120 дақиқа монд

2 сентябр 2011, 06:27

Пас аз 2 соат дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода вохӯрии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар чаҳорчӯбаи вохӯрии якуми даври сеюми сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон- 2014 дар минтақаи Осиё бо дастаи мунтахаби Ӯзбакистон шурӯъ мегардад.


Тибқи иттилои расида, ин бозӣ қарор аст дар соати  16 - у 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ оғоз шавад. Зимнан, баъд аз зӯҳри дирӯз дар толори меҳмонхонаи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода нишасти матбуотӣ бо ширкати сармураббиёни ҳар ду тими миллӣ сурат пазируфта, оид ба омодагӣ ва ҳолати рӯҳиву ҷисмонии бозигарон сухан рафт.

Ёдрас менамоем, то имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ӯзбакистон байни ҳам 6 вохӯрӣ гузаронидаанд. Тоҷикистон дар ин сабқатҳо як пирӯзӣ ва Ӯзбакистон ду дафъа ғалаба ба даст овардааст, ду бозии дигар мусовӣ анҷом ёфтааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!