Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:50

Иззат Амон: Истиқлолият барои як муҳочир, раҳоӣ ёфтан аз бардагии миллатҳои бегона ва озодона кору зиндагӣ кардану таъмини оила дар Ватани худ мебошад.

5 сентябр 2011, 06:29

Озодагон: Қабл аз ҳама шуморо ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон, ки инак дар арафаи он қарор дорем, табрик мегӯем ва алъон бигӯед, ки истиқлол ба Шумо ҳамчун намояндаи ҷавонони рӯшанфикри Тоҷикистон чӣ дод?
Иззат Амон: Ташаккур. Ҳанӯз чандин сол қабл имом Ҳумайнӣ, пешвои инқилоби исломии Эрон гуфта буд,  ки агар чанде  миллат дар буъдҳои  сиёсию  иктисодӣ ва фарҳангӣ  пешсаф бошад, вале аз озодӣ ва истиқлоли комил бархӯрдор набошад, ҳамчун миллат ташаккул наёфтааст. Шахсан барои банда тавзеҳи вожаи «истиқлолият» - ин озодии андеша, рафтор,  гуфтор ва сохтани кишвару миллати худ  мебошад. Гарчанде дар кишвари худ алон мо аз истиқлоли комил бархӯрдор нестем, вале умедворам, ки моро тағйиротҳои бузург ва таҳаввулоти тоза дар пеш аст.
Озодагон: Истиқлол аз диди як нафар, ки алъон дар хориҷ аз кишвар асту бори гарони муҳоҷирату ғурбатро ба дӯш дорад, чӣ гуна арзёбӣ мегардад?
Иззат Амон: Мусаллам аст, ки орзуи ҳар як муҳоҷир пеш аз ҳама баргаштан ба Ватан ба назди хонаводаи худ, фарзандон, Модари азиз ва Қиблагоҳ мебошад.   Истиқлолият  барои як муҳочир, яъне  раҳоӣ ёфтан аз бардагии миллатҳои бегона ва озодона кору зиндагӣ кардану таъмини оила дар кишвари худ мебошад.  Ватане, ки имкони таъмини шаҳрвандонашро ба як бурда нон дошта бошад ва бар акси ин ҳолат  шиорпартоиҳои мо гирди истиқлолият дағ - дағае беш нест. Бояд бигӯям, ки ҳанӯз барафроштани парчами 165-метра, ки аз «Майдони Сурх»-и Маскав онро метавон дид, маънии истиқлоли томро надорад. Корҳои зиёди ба сомон нарасида, ҳоло дар ин росто зиёданд.
Озодагон: Мушкили асосии муҳоҷирони меҳнатӣ (манзурам ҳамватанони мо аст)  имрӯз дар Русия кадом аст?
Иззат Амон: Мушкили асосии муоҷирони тоҷик дар Русия ин – бебандуборӣ ва дармондагӣ мебошад. Вақте намедонӣ,  ки додатро ба кӣ гӯӣ ва дарду аламатро ба кӣ холӣ кунӣ. Ана, аз ҳамин бесоҳибӣ тамоми мушкилотҳо сарчашма мегиранд. Мақомоти ин кишвар, яъне Русия  ва низ ин мардум медонанд, ки тоҷикон ба категорияи муҳоҷирони аз ҳама пастҳуқуқ дар ин қаламраванд. Ҳар кореро, ки дар қиболи ҳамватанони мо дилашон хоҳад, кардан мегиранд. Баъдан соддагӣ, зудбоварӣ ва нодонии бештари муҳоҷирони тоҷик аз мушкилотҳои  дигарӣ маҳсуб мешавад. Боқӣ мушкилотҳо илоҷи худро доранд, вале  беҳуқуқӣ не.
Озодагон: Оё метавонед бигӯед, ки созмону диаспораҳои тоҷикон дар Русия феълан аз ӯҳдаи рисолати воқеиашон мебароянд? Агар ҳа чӣ тавр? Ва агар не чаро?
Иззат Амон: На, намебароянд! Ҳеч кореро анҷом дода наметавонанд ва ҳаргиз соҳиби ин қишр- муҳоҷирон набудаанд. Зеро барои созмонҳо ва диспораҳо ва ҳамчунин сафорату консулигарҳои Тоҷикистон дар Русия пеш аз ҳама манфиатҳои шахсӣ ва ё гурӯҳи  ҷои аввалро ишғол менамоянд. Мушкилии дуввум ин муттаҳид набудани созмонҳо ва худхоҳии раҳбарони онҳо мебошад. Зеро ҳар як раҳбар мехоҳад, ки ӯ барои муҳоҷирон нақши калидӣ ва асосиро бозӣ кунаду ҳамагон ба ӯ итоат кунанд ва аз ӯ фармон баранд.Ин амалӣ ношуданӣ аст ва хаёли хоме беш нест.
Озодагон: Созмоне, ки Иззат Амон роҳбарӣ мекунад, дар роҳи расидан ба ҳамбастагии ҷавонони муҳоҷири тоҷикистонӣ чӣ нақш дорад?
Иззат Амон: Созмонеро, ки  мо  4 соли пеш таъсис додему соли гузашта аз қайди давлатӣ гузаштем,  имрӯз беш аз 6000 узв дар тамоми гӯшаву канори Русия дорад. Яке аз ҳадафҳои умдаи ташкилот ин  эъмори иттиҳод миёни муҳоҷирини тоҷик  мебошад. Ҳамагон иттиллоъ доранд, ки бештари майитҳое, ки мо аз ин кишвар мефиристем  қотилонашон худи тоҷиконанд. Бинобар ҳамин чанд  рӯзи қабл мо як шӯрое бо номи «Шӯрои маслиҳатӣ» ташкил намудем, ки дар он  намояндагони ҳамаи навоҳии кишварамон ширкат  намоянд. Ва низ  рӯзҳои ахири моҳи рамазон озмуни навбатии  ҳофизони Қуръонро гузаронидем, ки дар он зиёда аз 2000  ҳамватанони мо ширкат намуданд. Дар озмун ба ғайр аз қуръонхонӣ оиди мушкилиҳои тоҷикон дар кишвари Русия баҳсу ҷадалҳо сурат гирифтанд, ки гумон мекунам, қадаме  ба пеш барои таҳкими иттиҳод дар муҳочират мебошад. Афсус, ки ғайр аз  райиси ҲНИТ, вакили МН- Мухиддин Кабирӣ  нафаре аз масъулони давлатӣ дар ин ҷашн  иштирок накарданд.
Озодагон: Ва суоли аз ҳама охирин, аммо асосӣ: Муносибати феълии сиёсӣ ва иқтисодии Русия бо Тоҷикистон дар кадом поя ва сатҳ аст? Дар чорчӯби «бародарӣ» ва ё «баробарӣ»?
Иззат Амон: Умуман калимаҳои бародарӣ ва амсоли ин дар сиёсат ва муносиботи байни давлатҳо шиоре беш намебошад. Махсусан, дар равобити Душанбе ва Маскав истифодаи ин калима дар ҳоли ҳозир айни иштибоҳ аст. Мусаллам аст, ки ҳар гуна фаъолиятҳои сиёсӣ  ҳадафҳои  иқтисодиро ба думбол мегирад. Маскав низ пӯшида намедорад, ки минбаъд сиёсатҳояшро бо давлатҳо танҳо дар чаҳорчӯби прагматизм ва ё манфиатҳои иқтисодӣ пиёда месозад. Аз ин гуна рафтор мо бояд нороҳат набошему омодагии худро дар ҳама ҳолат  дошта бошем.
Вақте мо худамонро кишвари соҳибистиқлол эълон мекунем, бояд арзиши ҳамин даъвоямонро дошта бошем. Ва хаёли онро, ки Маскав мисли солҳои шӯравӣ барои мо ҳама чизро ройгон таҳвил медиҳад аз сар барорем. Русия ҳеч гоҳ худашро бо ягон кишвари пасошӯравӣ баробар нахондааст, баръакс ҳамон сиёсатҳои имперотурии Русияро думбол мегирад. Ин аст, ки имрӯз муносиботаш бо ҳеч кишваре аз кишварҳои пасошӯравӣ хуб нест. Ва умеди беҳбудӣ ва ё бародарӣ  доштан аз Русия иштибоҳи маҳз аст. Зеро дар тӯли таърих нишон додаст,  ки дар камтарин фурсат шарики  худро бо камтарин арзиш  хоҳад фурӯхт.
Дар охир, миллати шарифи тоҷикро ба иди гузаштаи Фитр табрик мегӯяму сониян ҷашни 20 -солагии Истиқлолро ба ҳамагон таҳният. Сарбаландиву саодатмандӣ, пешравиву  бениёзиро барои тоҷикистониён аз даргоҳи Худованди маннон талаб дорам.
Мусоҳиб:  Хилватшоҳи Маҳмуд{jathumbnail off}





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!