Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:05

Эрон: Барандаи ҷойи аввал аз ҷиҳати истеҳсол ва истифодаи гази моеъ

6 сентябр 2011, 07:00

Эрон дар ҷодаи истифодаи гази безарари табиии моеъ (CNG) барои нақлиёт дар ҷаҳон ба ҷойи аввал баромад.


Ҷалил Солорӣ, сарвари кулли Ширкати  тақсимоти сӯзишвории Эрон дар маросими ифтитоҳи якбораи беш аз 50 нуқтаи таъминоти сӯзишвории газ  дар ин хусус иброз кардааст. Бино ба гуфтаи Ҷалил Солорӣ то ин муддат ҷойи аввалро дар мавриди истифодаи гази табиӣ ҳамчун сӯзишворӣ барои нақлиёт Покистон касб мекард, аммо дар муддати 2 соли ахир ҷониби Эрон тавонистааст корҳои зиёдеро дар ин самт ба анчом расонда, ба ҷойи аввал барояд.

Ҷалил Солорӣ қайд кардааст, бо ин вуҷуд ки қимати сӯзишвории гази моеъ ба андозаи 25 дар сад боло рафт, истифодаи гази моеъ ҳамчун маводи сӯхт барои нақлиёт дар Эрон дар соли охир ба андозаи 20 дар сад боло рафтааст. Интизор меравад, ки то охири сол ин рақам то 30 дар сад боло равад. Феълан, ронанадагони нақлиёт дар нуқтаҳои сӯзишвории гази моеъ дар 1 шабонарӯз қариб 17 млн метри мукааб гази моеъ  истифода мекунанд.Ба охири сол он ба 22 млн метри мукааб расонида хоҳад шуд, гуфтааст Ҷалил Солорӣ.

Феълан, дар Эрон беш аз 14 млн нақлиёте роҳ мераванд, ки аз сӯзишвории гази моеъ истифода мекунанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!