Бахшҳо
20 авг 2014 10:02Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Намоиши навори маҳрамонаи имоме аз Лолазори Фархор дар ТВ-ҳои давлатӣ

Шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон шоми 19 августи соли ҷорӣ навореро намоиш доданд, ки аз равобити маҳрамонаи Асомуддин Саркоров, имоми масҷиди деҳаи Лолазори ноҳияи Фархор, бо як зан ҳикоят мекунад. Дар ин навор гуфта шуд, Саркоров раҳбарии яке аз ташкилоти ибтидоии Ҳизби наҳзати исломӣ буда, дар баробари имоматӣ ба дуохонӣ ва табобати сокинон низ машғул будааст.

Бар асоси нақли гузоришгарон, авлоди Саркоров дар оғози асри бист гӯиё аз Бухоро омада, дар Лолазори Фархор маскан ихтиёр кардаанд. Онҳо гуфтанд, ҳадаф аз ин намоиш паҳни фаҳшо ва ё кинаву кудурат ба рӯҳониён нест, балки мехоҳанд аз ин тариқ дардҳои ахлоқии ҷомеаро дармон бахшанд.

Дар ин навор лаҳзаҳои хуфтухоб ва равобити ҷинсии Саркоров бо зане, ки гӯиё барои дуохонӣ ба пешаш омадааст, дида мешавад. Аз навор маълум аст, он аз чанд гӯшаи хона сабт шуда, тамоми лаҳзаҳои равобити маҳрамонаро ҳифз кардааст ва зани дар он буда, бо истифода аз кӯрпаю болишт талош мекунад, то чеҳрааш ошкор нашавад.

Дар гузорише, ки шоми 19 августи соли ҷорӣ аз равобити маҳрамонаи Саркоров дар шабакаҳои давлатӣ намоиш дода шуд, бархе аз ҳамдеҳагони “қаҳрамон” баромад карда, амали ӯро нафратангез хонданд. Яке аз ин афрод, гуфт, Асомуддин Саркоров баъд аз ин овозаҳо кам ба масҷид меояд ва дар кӯчаҳо низ камтар пайдо мешавад. Онҳо мегӯянд, ин овоза обрӯи деҳаашонро ба замин задаасту онҳо то ба ин ҳад ба бадахлоқии Саркоров бовар надоштанд. “Чун имом буду ҳамеша аз зарари зино мегуфт. То ин корро карданаш одами хуб буд. Чи хел мешавад, ки ҳамаро ба сӯи некӣ даъват мекунию худат ин хел менамоӣ”,-гуфт яке аз сокинони Лолазор.

Намоиши навори маҳрамонаи Саркоров тавассути телевизионҳои давлатӣ дар ҳолест, ки он ҳамагӣ чанд рӯзи пеш тавассути “Нури наҳзат” дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд. Пахши ин гуна наворҳо тавассути шабакаҳои давлатӣ бори аввал нест. Дар гузашта низ чандин навори маҳрамонаи бархе аз афрод, ки аз сӯи Нури наҳзат таҳия мешаванд, намоиш ёфта буданд. Аммо ин бори аввал аст, ки Шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳангоми намоиши навори маҳрамонаи Саркоров истинод ба Нури наҳзат карданд.

Нури наҳзат, ки дар пайи маъракаҳои “антинаҳзатӣ” ба миён омадаасту худро мақоми амниятии дохилии Ҳизби наҳзати исломии Тиҷикистон муаррифӣ мекунад, бо ифшои лаҳзаҳои маҳрамонаи бархе аз афрод, ки аз онҳо “мулло” ном мебарад, машғул аст. Дар пайи зиёд шудани ин гуна наворҳо аз сӯи ин шабака Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз паҳн намудани ин гуна наворҳоро нигаронӣ карда, онро маҳкум карда буданду амали “Нури наҳзат”-ро мухолифи фарҳанг, дин ва минталитети тоҷикон эълон каданд.
Мӯҳр
Шалом Алейхем
Хангоме, ки имоми махалла ба ин корхо даст мезанад, вой бар холи мардуме, ки аз пушти ин афрод намоз мегузоранд.

Абдуллох
Инхо мулло нестан инхо чодугаранд инхо бадбахтанд.Твхои точикистон дигар кор надоран факат муллохоя бадном куни. Дар назди Аллох чи чавоб медодабошан.

Тести
Минбаъд дар Лолазор на хар муллои тасодуфи, имомира ба ухда мегира.

Ин миллати ба гуфт сарбаландро агар ба кавле Худошиносаш ин амалхоро кунад, пас Вазиру кабир ва пасмонда пулдору бепулаш бовари доред, ки поку покдоман (аз амалхои шайтони) бошанд?

Dar hole ki in mulloho digar raviyaho va mazhabhoro (az jumla Ismoiliyoni Badakhshonro) kofir mexonand, ana musalmonii in mulloho. Bo in mulloh dar pahluyash nonu choi va darrav badi in kor non xurdestai... Ma bezoram ai i musalmoni...

Ранда
Абдуллох. Аллох аз ин нихоят хурсанд мешавад, ки сафи муллохои бадахлок ва фосикро дар чомеаи Исломи решакан карда истодаанд.

Эй Абдуллох, туро аввал ки саткаи ин ном кунад, дуюм ин ки ту хам аз пайравони хамин муллохо будай.... Номата дигар кун, Телевизион ягон гунох надорад, Шумо барин фосикхо хам номи Ислом ва хам номи мусулмононро харом кардаед! Бояд ин маразхои чамъиятро доимо нишон диханд, то ки мардум донанд, ки ки хаст.............

Saif
Бародарон ман як чизро намефахмам, ба кадом акл чунин наворхои фахшро аз телевизиони давлати нишон медиханд?? магар фикр намекунанд, ки аъзоёни оила, зану фарзанд хама дар сари дастархонанд. Бовар кунед ин телевизиони давлати "порно- канал" гаштааст. Аз "ДОМ- 2 " хам гузашт.. Инхо мулло не балки шайтонхои одамсиратанд ва худ шармандаи дунёву охиратанд, аммо телевизион чи?? хизмати хирсона мекунанд, фитна меандозанд ва шарики гунох мешаванд.

Ин муллохои фосику кофир кай тавба мекарда бошанд. Чи кадари онхоро зиндони кардан аммо бо ба ин нобакоро дарс нашуд, инхо бояд хам дар пеши бандеш ва хам дар пеши Худо чазо гиранд! Вой бар холи тубарин муллои касофат........................

Аз назари ман мухим нест, ки ин наворхоро ки тахия ва пахш мекнуад. Мухим он аст, ки тамоми бадахлокон, чи рухони ва чи давлатию ва чи сохибкору фарзандони онхо ин наворхоро мебинанд ва то андозае дарк мекунанд, ки ин КОРИ БАД АСТ ва аз он бояд ПАРХЕЗ кард. Хадди аккал фосики накунанд, ба номуси хохаре ва зани шавхардоре нарасанд... Бобати муллою ИСЛОМ бошад, насихатгари тамоми кишри чомеа магар МУЛЛОХО нестанд. Агар муллохо зинокори кунанд, пас дигарон чи ибрат мегиранд?

.
Акнун фахмидем ки ин мардуми точик, хусусан мардуми кишлокчойхо, ин кадар порноактерхои зур будаанд.

Tojikistoni
In hizbi Nazhati Islom inqadar nafaroni badaxloqro dar girdash jam' mekardaast... Yo haqiqatan hizbi badaxloqon ast..., yo ba kase zarur meboshad, ki in hizbro az badaxloqon muarrifi namoyad...

Яъкуб. Душанбешахр.
Ин хукуматдорон бо ду максад ин наворхоро намоиш медиханд.Аввал бадном кардани рухониёну диндорон Дуввум имрузхо хеч кас дигар ТВТ тамошо намекунанд бо ин кор мехоханд тамошогарони худро зиёд кунанд.Дигар хеч шарм дар инхо намондааст,чихел мешавад дар хона шишта ахли оила якчо ин наворхри фахшро тамошо мекунанд.

Ман садфоиз гарантиш кати мегуям ки агар хамин Турачонзодахо ва Кабири бо муридош хизби нахзата тарк карда ба хорич раванд ба худо касам,ки агар хамин хукумат кор гирад ин хизбро,эй мардуми содаи гумрох наход простой арифметикаро сарфахм наравед,чи даркор ба шохи гов чанг кардан хизбчиёни азиз!! ЯК ЧАХОН ТАШАКУР.озод боши чоп кунед мухтарам минбари озод.

Насиба
Агар бихохем ки фосикро аз чомеаи Исломи решакан намоем хуб аст. Аммо аз барои як нафар муллои беимон ва як нафар зани беимон набояд ба номи поки зани Точик дог гузори шавад. Точое маълум аст ТВ-хои давлати берун аз Точикистон низ пахш мешаванд. Ахволи зани точикро дида чи мегуфта бошанд. мо нишон дода истодаем ки бубинед заноро чи кор мекунм пас миллати дигар худо накарда зани точикро дар ягон гушаи дунё вохурад ба сараш чи балоро меоварда бошанд ки медонад зане, ки ба назди мулло рафт шояд як нафар зани бадахлок ё фохиша бошад пас набояд номи зани точик паст карда шавад. Як нафар муло ва ё фосики дигареро агар датгир кардед ба у чазоеро пешниход намоед ки ба дигараш намунаи ибрат шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)