Бахшҳо
22 авг 2014 09:45Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

4 000 сомонӣ ҷарима барои монеъ шудан ба таҳсили Муҳаммаду Манижа

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро ба ҷурми монеъ шудан ба таҳсили фарзандони мактабхонаш чор ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Ҷӯрабек Бачаев, додраси парванда, гуфтааст, Шайдулло Назаров дар соли хониши 2013-2014 нагузоштааст, то Муҳаммади 14-солаву Манижаи 13-сола ба таҳсили худ идома бахшанд.

Ба қавли Бачаев, Шайдулло Назаров ҳамчун падар вазифаи худро дар мавриди ба таълим фаро гирифтани фарзандони ноболиғаш иҷро накарда, муқаррароти қонун дар бораи маориф ва масъулияти падару модарро нақз кардааст.

“Бар асоси талаботи моддаи 46-и Қонун “Дар бораи маориф” падару модар ӯҳдадоранд, ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, дар хона шароит муҳайё кунанд, бо раванди таълиму тарбия, мазмуну давомоти таҳсил ва сатҳи дониши фарзандонашон ошно шаванд. Инчунин, тибқи талаботи моддаи 9-и Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидон вазифадоранд, бо таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба таҳсили ӯ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд, фарзандро ба воситаи таълим таъмин карда, барои хондани ӯ шароити муносиб муҳайё кунанд”,-гуфтааст Ҷӯрабек Бачаев, додраси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Мӯҳр
Freedom
Аз пеши рохи тахсилро гирифтан одам куштан 100 маротиба гунохаш сабуктар будааст

Фалес
Ин Шайдулло падар шароит надоштааст ё ба умеди ягон мулло монеъи таълими фарзандон дар мактаб шудааст.

мадамин
чаро як хело барин 120 сомони нею яку якбора 4000 сомон?

Вайс
сабабаш дар чи бошад? шояд дар мактаб бо бахонаи чой набудан фарзандони онхоро кабул накардаанд, ё падари онхо имиконияти хариди либосхои мактабиро надошт?

Ман ҳам бошам рози намешавам ки фарзандонам дар чунин мактабҳои тоҷикистон таҳсил кунанд.
Якумаш ки дуруст нест дар як синф баччаҳову духтарҳо дарс хонвнд.
Дувумаш ки дар мактабҳои душанбе фасоди ахлоқи зийодаст.
Духтарҳову бачаҳо ба корҳои зино даст мезананд.

Тахмурас
Журналистони мухтарам! Як бор аз хамин додраси парванда (тумтарок номе) пурсед, ки бо кадом сабаб ин мард бачахоша хондани намондаст. Шояд имкон надошт. Агар хамин хел аст, чарима кардани чунин мард аблахтарин амал аст! Аммо агар ин мард зурдасти карда монеъи тахсили фарзандонаш шуда бошад, пас гапи дигар. Аммо, журналистони мухтарам, вазифаи шумо дакик кардани хабар ва дакик расонидани он аст!

барои катли 3 нафар 120сомони аммо барои ин кор 4000сомони
бубин тафовути рох аз кучост то ба кучо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)