Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:38

8-уми сентябр дар Душанбе ҳамойиши вижаи журналистон сурат мепазирад

7 сентябр 2011, 06:34

«Ҳамраъйии журналистони Тоҷикистон: Афсона ё ҳақиқат?».


Таҳти чунин унвон рӯзи 8-уми сентябр дар бинои  Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор мегардад. Нишасти мазкур бо кӯмаки дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангӣ бо дигар созмонҳои журналистӣ, амсоли ИЖТ, АМВАОМТ, Шӯрои ВАО, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон сурат мепазирад.

Хуршеди Атовулло, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж» ва ҳамзамон раиси Иттиҳодияи журналистии « Медиа Алянси Тоҷикистон», ки ташкилкунандаи ин конфронс аст, ба хабаргузории «Озодагон» гуфт,  ҳадафи асосӣ аз баргузории нишаст боз ҳам устувор намудани ҳамраъйии журналистон мебошад. Номбурда илова намуд, ки 8 сентябр интихоб шудани рӯзи баргузории ин миз тасодуфӣ нест, зеро ин сана дар дунё рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон эътироф шудаастд, бинобар ин, баргузории ин нишастро  дар ин рӯз мувофиқ донистем. «Аз соли 1958 инҷониб 8 сентябр,  чун рӯзи байналмилалии ҳамараъйии журналистон дар ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Интихоби ин сана ба ҳаёт ва фаъолияти Юлис Фучик-шоир, публитсист ва журналисти намоён  рабт дорад, ки ӯ дар зиндони гитлерӣ чон дода буд».

Ҷаноби Атовулло нақши созмонҳои журналистиро дар ҳамраъйӣ бо журналистон мусбат арзёбӣ намуда, қайд кард, ки ба ин ҳамоиш журналистон аз вилоёти Суғду Бадахшон ва Хатлон, шаҳрҳои Кӯлобу Кофарниҳон ва водии Рашт  даъват шудаанд ва зимни он бештар  сари мавзӯъи мустаҳкам намудани робитаҳои журналистон баҳсҳо сурат хоҳанд гирифт.

Маврид ба ёдоварист, соли гузашта дар қиёс ба дигар солҳо журналистони тоҷик хеле муттаҳид буданд. Далели ин гуфтаҳоро  дар таъсиси кумитаи 29-уми сентябр, ки вобаста ба қазияи нашр нашудани 3 рўзнома ва  маҳдуд шудани дастрасӣ ба  5 сайти интернетӣ сурат гирифт, дида метавонем.  Гузашта аз ин, дар қазияи Ӯрунбой Усмонов ва Муҳаммадюсуф Исмоилов низ мисоли равшани чунин гуфтаҳо ба назар меарасанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!