Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 апрел 2017, 13:21

Озмун: Аз 35-сола боло ҳуқуқи ширкат дар конкурсро надоранд

8 сентябр 2011, 03:18

Дар донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни олимони ҷавон зери унвони «Беҳтарин ихтироъкор» баргузор гардид.


Айёмиддини Хайриддин, донишҷӯи курси 4-уми факултети стандартизатсия ва сертификаткунонии донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо баҳогузории доварон беҳтарин дониста шуда, барандаи ҷойи аввал шуд. Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории ин озмун муайян намудан ва муаррифии ҳар чӣ бештари олимони ҷавону ихтироъкорон мебошад.    Ғафурҷон Ҳакимов, масъули озмуни мазкур ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар заминаи ин озмун як ассосиатсияи ихтироъкорони Тоҷикистон таъсис дода мешавад, то он дар пешрафти Тоҷикистон нақши худро гузошта тавонад.

Маврид ба ёдоварист, озмуни мазкур ду сол боз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, беш аз 100 нафар олимони ҷавону донишҷӯёни ихтироъкор аз тамоми донишгоҳҳои олӣ ва мактабҳои махсуси касбӣ-технологӣ дар ин озмун ширкат намуданд, афзуд Ғафурҷон Ҳакимов. Дар ин чорабинӣ қайд карда шуд, ки мувофиқи низомнома, дар озмун набояд олимони аз 35 сола боло ширкат намоянд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!