Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:43

СССР дубора барқарор намешавад

14 май 2011, 05:26

«Мо медонем, ки роҳи бозгашт ба  Иттиҳоди Шӯравӣ нест ва барои мо роҳҳои нави алоқа лозим аст ва ин роҳҳоро албатта, ҷавонон бояд ёбанд».

Дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ сарвари иҷроияи хазинаи байналмилалии ҳамкории гуманитарии ИДМ Армен Смбатян иброз дошт. Ҷаноби Смбатян, ки дар доираи сафараш ба Тоҷикистон бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот дошт, пас аз ин вохӯрӣ бо журналистон гуфт,  мо асосан масъалаҳои башардӯстонаро бо Раҳмон  мавриди баҳс қарор додем. Инчунин маорифу фарҳанг ва соҳаи ҷавонони ин иттиҳод низ аз мавзӯъҳои сӯҳбат ба шумор рафтанд.

Армен Смбатян афзуд, ки «мулоқоти имрӯзаи мо бо президент   нишон медиҳад, ки сарвари давлати шумо ба соҳаи башардӯстиву фарҳанг ва ҷавонон, инчунин маориф, ки яке аз пояҳои устувори ҳар  миллату давлат маҳсуб меёбад, таваҷҷӯҳи хосса дорад.Ман умед дорам, ки аз ин пас раванди нави ҳамкориҳои давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи башардӯстӣ шурӯъ мегардад». Бино ба қавли Смбатян тибқи нақша дар назар аст, ки дар Тоҷикистон барномаҳое аз қабили  «Анҷумани зистшиносони ҷавон», «Вохӯрии волонтёрҳо» ва  «Барномаи Помир - Ҷақалтой» роҳандозӣ шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • волки кулоби

  • 15 июн 2015 19:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Базе хабареиноро девона шидан ё басаводи бадан харчи мохан менависан

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!