Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:46

Занони рус ба мардони тоҷик бештар таваҷҷӯҳ доштаанд

8 сентябр 2011, 06:25

Бино ба маълумоти мақомоти сабти асноди шаҳрвандии Русия феълан ҳар нӯҳумин сабти ақди никоҳи занони рус бо мусулмонон сурат мегирад.


Ин мақомот дар интихоби занони маҳаллии Русия навбати аввал тоҷикон, баъдан шаҳрвандони Ӯзбакистон, Озорбойҷон, Қазоқистонро муаррифӣ кардааст. Бино ба навиштаи сомонаи sobesednik.ru вақте бонувони рус мебинанд, ки сарвари оила-мард бар асари истеъмоли зиёди машрубот нисбати ҳамсар ва фарзандонаш  ҷабру ситами зиёдро раво мебинад, вақти ба балоғат расидан онҳо дар интихоби ҳамсаронашон ба мусулмонон, ки асосан ба машрубот ҳич майле надошта, дар оиладорӣ содиқ ҳастанд, бартарӣ медиҳанд.

Равоншинос Олга Маховская ба ин сомона гуфтааст, аксари духтарони рус баъди шиносоӣ бо мардони мусулмон ба Ислом таваҷҷӯҳ мекунанд ва баъди қойил шуданашаон ба бартарии ин дин ва ба хотири марди дӯстоштаву меҳрубонашон ба он мегараванд. Дар натиҷа як оилаи хушбахте ташаккул меёбад. Воқеан, дар ҳаёти феълии мо, махсусан дар кишварҳои мутараққӣ ақди никоҳи намояндагони миллатҳои гуногун на ин ки қабул аст, балки он як қисмати ҳаёти муосири мо гаштааст. Ин далел тасдиқи худро дар тамоми улуми ҷаҳонӣ пайдо кардааст, гуфтааст Олга Маховская.

Никоҳҳои омехта ба ҳеч ваҷҳ таҳқири номусу шараф ва ифтихори миллии ҳеҷ як узви оила наметавонад бошад, баръакс, он барои ғанӣ гаштани дороии оилавӣ ва тавлиди фарзанди солим мусоидат мекунад, хулоса кардааст равоншинос.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи хонумхову духтарони рус ба чавонмардони точик майли хммахонаги карданро доранд?Инчо якчанд сабабхо пеш меоянд:Аввалаш,чавонои мо бисёраш чехрахои аврупои ва нимаврупои доранд.Боз агар мо гуем,ки кариб хамаи русдухтарону дигар духтарону занхои гуногунзабони мукимии Россия майли моро доранд.ин хам иштибох аст.Вале мушохида мешавад,ки занхои кафкози,тоторзанхо ва як катор занхои зодаи шимоли дури Россия хам ба чавонмардони точик моил хастанд.Хатто,ахолии Догистон,ки суннимазхаб хастанд,дар бораи акди никох бастан ба чавонони точик дар холате,ки духтари догистони хохад,ёриву мадад мерасонанд.Вале аз хама бисёр духтарону занхои рус дар ин кор ташаббус нишон медиханд.Муттассифона на хамаи онхо бо домодхои точик хушбахт мешаванд.Кисме аз домодхо ба чиноят даст мезананд,кисме партофта,хумори духтари дехаи худ мешаванд,як кисми онхо дар натичаи фишор овари аз тарафи хешу таборони худ,аз зиндаги бо русзанхо даст мекашанд.Русзанхову русдухтарон,хеч гох ба домоди оянда,танхо барои бой ё сармоядор буданаш ахамият намедиханд.Онхо хам ба афту андоми зохирии домодшавандахои точик он кадар хам тавваччух накарда,камбудихо намечуянд.Агар домодшаванда,бигузор як мошини сабукрави тамгаи "04" дошта бошаду кор кунад ва шаробнуши накунад,бехтарин мард хисоб мешавад.Занхои рус хеч гох ба боигарии бесару нуги шавхарони худ,умед намебанданд.Онхо хам худ кор мекунанд.Бештари маблагро онхо барои таъмиру хубу гуворо нигох доштани манзилхои худ ва таълиму тарбияи фарзанд мебахшанд.Ба гумон аст,ки агар чавони миёнахоли точик,бо мошини сабукрави тамгаи "О4"-аш рафта,дар Душанбе бо ягон духтари вазир рози ишкашро гуяд.Мошинашро ба металлолом месупоранд,худашро гушашро мекашанд.Дар дунёи ишу ошикии мардуми мо,пеш аз хама,доштани мошинхои киммати хоричи ва боигарии пурдаб-даба меистад.Ман худам шохид хастам,ки чавони камбагали точик,аз оилаи мухочир дар вилояти Саратов,хангоми тахсил дар як колледжи сохтмони,ба дили духтари сардори холдинги таъмини сузишвории нафту гази вилояти номбурда,рох ёфт.Падари духтар,гуё чонаш дар дасти хамин чавон бошад,ба хамаи шартхо рози шуд.Барои гирифтани шахрвандии Россия ёри расонид,ба оилаи чавон манзили хубе харида дод.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!