Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:53

Тими наврасони то 16-сола ҳам бо Ӯзбакистон вориди рақобат мешаванд

8 сентябр 2011, 08:51

Марҳилаи навбатии омодагии дастаи мунтахаби наврасони то сини 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар базаи махсуси федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Норак ба анҷом расид.


Алӣ Шариф, сардори дафтари матбуоти ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, аз 23 футболбози бомаҳорати клубҳои мухталифи ҷумҳурӣ беҳтаринҳо даъват гардида, ҷаноби Чзуки мураббии варзидаи футболи Ҷопон ба онҳо дар ду баст тамрин медиҳад. Гуфта мешавад, дар бозиҳои гурӯҳии чемпионати Осиё, ки аввали моҳи октябри соли равон дар Ӯзбакистон баргузор мегардад, мунтахаби наврасони мамлакат бо дастаҳои миллии наврасони Баҳрайн, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон рақобат мекунанд. Дар назар аст, ки марҳилаи охирини омодагии мунтахаби наврасони мамлакат 18-уми сентябри соли ҷорӣ боз дар шаҳри Норак ҷараён бигирад.  Чзуки, ки феълан сармураббии тими наврасони Тоҷикистон аст, беҳтаринҳоро интихоб намуда, баъд аз анҷоми ин марҳила наврасони тоҷик ба шаҳри Тошканди Ӯзбакистон барои иштирок дар бозиҳои гурӯҳии чемпионати Осиё мераванд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!