Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:20

Лоиҳаи қонуни нави Тоҷикистон «Дар бораи савдо» таҳия гардид

8 сентябр 2011, 10:51

Тибқи иттилои  вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон,  лоиҳаи қонуни нави  Тоҷикистон «Дар бораи савдо» таҳия гардида, айни ҳол барои мувофиқа ба вазорату ташкилотҳои дигар пешниҳод шудаст.


Ба иттилои манбаъ, дар лоиҳаи қонуни нав, ба сиёсати давлати Тоҷикистон дар бахши савдо таҷдиди назар шудааст. Бино ба қавли сарчашма, дар сурате агар президент ва парлумон лоиҳаи мазкурро дастгирӣ кунанд, ниҳодҳои давлатӣ имкон пайдо мекунанд, ки бо истифода аз фишангҳои иқтисодӣ ва маъмурӣ нархро дар бозорҳо танзим намоянд.

Масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдо бовар доранд, ки дар ҳолати қабули қонуни мазкур, пеши роҳи савдогароне, ки ба таври сунъӣ ва беасос нархҳоро боло мебаранд, гирифта хоҳад шуд.

Дар мавриди роҳҳои амалишавии талаботи қонуни нав, сарчашмаи хабар таъкид кард, ки дар сурати қабули он, санадҳои меъёрии дигар қабул мешаванд, ки усулҳои татбиқи қонунро мушаххас нишон медиҳанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!