Тибқи иттилои ЮНЕСКО , айни ҳол дар ҷаҳон 793 миллион мардуми калонсоли бесавод, асосан занону духтарон умр ба сар бурда истодаанд. 67 миллион нафар кўдакони синни мактабӣ ҳатто бо таълими ибтидоӣ фарогир нашудаанд. Инчунин 72 миллион наврас имкон надоранд, ҳуқуқи худро ба таҳсил амалӣ созанд.
Тибқи иттилои Созмони милали муттаҳид, зиёда аз нисф, 51,8% -и калонсолони бесаводи ҷаҳон дар Осиёи ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд. 21,4% дар кишварҳои африқоии ҷанубтар аз саҳрои Кабир, 12,8% дар кишварҳои Осиёи шарқӣ ва кишварҳои уқёнуси Ором, 7,6% дар кишварҳои араб, 4,6% дар Амрикои лотинӣ, 2 % дар кишварҳои Америкаи шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ умр ба сар бурда истодаанд.
Дар 11 кишвари дунё, - Бенин, Буркино – Фасо, Гаити, Мали, Ҳабашистон, Сенегал, Серра Леон, Чад ва Эфиопия зиёда аз 50 % - и сокинони калонсолашон бесавод мебошанд.
Рўзи байналмилалии саводнокӣ, соли 1966 аз ҷониби ЮНЕСКО бо пешниҳоди «Конфронси байналмилалии вазирони маориф оид ба маҳви бесаводӣ», ки дар Теҳрон баргузор шуда буд, эълон гардид.{jathumbnail off}
Мӯҳр
« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |