Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:19

Афсонаи ҳамрайъии журналистони Тоҷикистон ба ҳақиқат табдил меёбад

8 сентябр 2011, 11:52

Ҷомеаи журналистӣ нерўи бузургест, ки зарфияти воқеии  журналистикаи  муосирро бозгў менамояд.


Маҳз дар  ҳамбастагӣ бо тамоми созмонҳои журналистӣ ин нерў ба манфиати аҳли соҳа истифода мешавад. Мо бояд дарк  намоем, ки то кадом андоза якдилӣ ва ҳамрайъии журналистон имрўз муҳим аст. Зеро маҳз муттаҳидӣ мо ва созмонҳои журналистии моро комёб месозад.Дар ин бора Зинатуллоҳи Исмоил, раиси Шӯрои ВАО зимни баргузории як мизи гирд дар Душанбе, ки имрӯз дар маркази тадқиқоти стратегӣ таҳти унвони «Ҳамрайъии журналистон: Афсона ё ҳақиқат» сурат пазируфт, иброз дошт. Ҷорӣ гаштани механизми худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ  имкони ба вуҷуд омадани журналистикаи босифатро фароҳам меорад ва дар ин  замина Шўрои ВАО –и Тоҷикистон низ баробари  дигар  созмонҳои журналистӣ талош хоҳад кард, афзуд ӯ.

Зимнан, дар ин конфронс, ки бо ибтикори Иттиҳоди журналистии «Медиа Алянс»-и Тоҷикистон ва  дигар ташкилотҳои рӯзноманигорӣ амсоли ИЖТ, АМВАОМТ, Шӯрои ВАО, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ва бо кӯмаки молии дафтари душанбегии САҲА баргузор шуд, намояндагони аксари расонаҳои хабарии кишвар ширкат доштанд.Тибқи гуфтаҳои масъулини  ин тарҳ, ҳадафи асосӣ аз баргузории нишаст боз ҳам устувор намудани ҳамраъйии журналистон мебошад.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон бархе аз хабарнигорон ва созмонҳои журналистӣ ҷоизаи Медиа-Алянси Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, ин ҷоиза ба радиоҳои Озодӣ ва Имрӯз, Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии радиои Би-би-сӣ ва Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонии "Нури зиндагӣ» эъто гардид.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!