Бахшҳо
18 сен 2014 10:09Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Коршиноси Бонки миллӣ: Бо тағйирёбиҳои 2 рӯза ба нуқтаҳои асъор ҳуҷум накунед

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Дар Душанбе қурби доллар дар баробари сомонӣ ба якборагӣ боло рафта, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 1 долларро бар ивази 5 сомониву 15 дирам харида, бо 5 сомониву 19 дирам мефурӯшанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта хариду фурӯши доллар дар саррофиҳо мутаносибан, 5 сомониву 10 дирам ва 5 сомониву 12 дирам буд.


Иқтисоддонҳо мегӯянд, афзоиши қурби доллар дар баробари сомонӣ омилҳои дохиливу берунии зиёд дорад ва онро як ҳолати табиӣ ҳам медонанд, ки ҳар рӯзу соат дар дунё рух медиҳад. Мирзомудин Мавлонов, директори департаменти танзими асъори Бонки миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, таҳримҳои зидди Русия, пастшавии қурби рубл ва коҳиш ёфтани маблағҳои воридотӣ ба психологияи мардум таъсир намуда, онҳо талош мекунанд, маблағҳояшонро бо доллари амрикоӣ иваз намоянд. “Ҳаракати сармоя ҳамин аст, як рӯз талаботаш зиёд мешаваду рӯзе дигар кам. Аз дигар сӯ, бозори дохилӣ 3 қисм дорад ва бозори нақдӣ танҳо 10 дар сади бозори умумии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дигар ҳамаи хариду фурӯши асъор дар бозори байни бонкӣ ва дохили бонкӣ мегузарад. Дар бозори нақдӣ агар 10 доллар савдо шавад, дар бозори байни бонкӣ 1 миллион доллар савдо мешавад, ки фарқияташ аз замин то осмон аст”,-илова намуд ҷаноби Мавлонов.

Бояд гуфт, рубли русӣ дар баробари сомонӣ коҳиш ёфтааст. Акнун, 10 рубл дар нуқтаҳои табодули асъор баробари 1 сомониву 33 дирам аст. Ҳафтаи гузашта ин нишондод, 1 сомониву 44 дирамро ташкил медод. Директори департаменти танзими асъори Бонки миллии Тоҷикистон муътақид аст, имзои созишномаҳо вобаста ба ҷалби сармоя ба Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанҳай низ таъсири худро дорад, чун ин сармояҳо бо асъори хориҷӣ ворид мешаванду бо сомонӣ мубодила мегарданд. Касри савдои хориҷие, ки ҳаст аз ҳисоби ҳамин сармояҳо ҷуброн мешавад.

Собир Вазиров, корманди пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, болоравии қурби сомонӣ ба хотири зиёдшавии талабот ба доллари Амрико ва кам будани пешниҳод дар бозор мебошад. Ин ҳосили вазъи сиёсиву иқтисодии Русия ва Украина ҳамроҳ бо таҳримҳо мебошад. Ин иқтисоддон бо нигаронӣ гуфт, раванди мазкур метавонад ба қудрати харидории мардум таъсир расонида, дар маҷмӯъ сабаби таваққуфи рушди иқтисод гардад.

Мирзомудин Мавлонов мегӯяд, мардум бояд дар чунин ҳолатҳо оқилона рафтор намуда, бо тағйирёбиҳои 1-2 рӯза ба нуқтаҳои асъор ҳуҷум накунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, фардо бо тағйири қурби асъор фурӯхтани маблағи гаронхарида бо нархи пешин номумкин мегардад.

Бо оғози таҳримҳои Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо алайҳи Русия ва бо далели камчинии доллар дар қаламрави кишварҳои собиқ Шӯравӣ, монанди Тоҷикистон, нархҳо ҳам боло рафтаанд. Дар ин шароит нуқтаҳои мубодилаи асъор ва дигар миёнаравҳо метавонанд, аз вазъият истифода бурда, аз фурӯши доллар худдорӣ намоянд ё онро гаронтар савдо бизананд, ки боз ҳам боиси болоравии нархҳо мегардад. Ҳоло бошад, муҳоҷирон аз ин тағйирот бештар зарар дидаанд. Беқурбшавии рубл арзиши пули дарёфтии онҳоро коҳиш дода, буҷаи оилавияшон ҳам дар Тоҷикистон бо касрӣ мувоҷеҳ шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Муаллим
Муҳтарам Озодагон! Аз ҳамон ҷаноби Мавлонов пурсед ки фарқи байни қурби расмӣ ва қурби бозории асъор (масалан доллари америка) ба кисаи кӣ меравад. Албатта ба бюҷети давлат не! Чаро ин гуна фарқияти калон фақат дар Тоҷикистон аст? Масалан дар хитой қурби бозор аз қурби расмӣ фарқ намекунад. Дар Россия ҳам ин фарқ копейки ҳаст на рубл. Фақат дар Тоҷикистон аз 100 доллар 12 то 20 сомонӣ фарқ мекунад, ки ин албатта ба ягон ҷой медарояд. Ана бояд Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод ба ин ҷо нигоҳ кунад. Охир ин ҳам амнияти иқтисодии миллӣ аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)