Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:49

Ҳар даҳумин бемори Маскавро муҳоҷирон ташкил медиҳанд

10 сентябр 2011, 06:41

Ин маълумотро масъули Департаменти тандурустии шаҳрдории Маскав Анатолий Корсунов дар ҷаласаи Думаи шаҳри Маскав манзур кардааст.

 


Бино ба гуфтаи масъули дигари ин ниҳод, Инга Ткомантсева феълан хориҷиёни бемор аз кӯмакҳои тиббӣ бархӯрдор нестанд. Ба онҳо танҳо кӯмаки  аввалияи тиббӣ расонида мешавад, ки масрафаш бар сари буҷаи Маскав қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки бино ба  маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Русия дар соли 2009 ба Маскав беш аз 6 млн хориҷиён ташриф овардаанд, ки 50 дар сади онро муҳоҷирини корӣ ташкил мекунад.

- Хатари аслӣ он аст, ки аксари кулли муҳоҷирон ба  бемориҳои сироятӣ, аз қабили сил ва ВИЧ мубтало ҳастанд. Шаҳрдориро зарур аст, ки оиди ошкор кардани беморон ва рафъи он чораҳои махсус  бубинад. Бояд марказҳои ташхис ва ошкори чунин мухоҷирини бемор таъсис бишаванд, -иддао дорад, узви Палатаи чамъиятии Русия Евгений Ачкасов.

Дар ҳамин ҳол, сарвари ташкилоти ҷамъиятии  «Мигратсияи асри 21» Вячеслав Поставин аз сӯи кордиҳанда пардохт нашудани ҳақи суғуратҳои иҷтимоиву тиббии мухоҷиринро мушкили аслии аз табобат берун монадни муҳоҷирин медонад. Ӯ гуфтааст, шаҳрдорӣ ва мақомотро ба ҷои боз ҳам мушкил кардани будубоши муҳоҷирон зарур аст, то бо кордиҳандагон дар мавриди пардохти ҳақи  андоз ва суғуртаҳои тиббиву иҷтимоии муҳоҷирин тасмимҳои ҷиддитар бигиранд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!