Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:37

Сардори яке аз раёсатҳои ВКД-и Тоҷикистон ба ҳалокат расид

12 сентябр 2011, 06:18

Шаби гузашта дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа як нафар ҷони худро аз даст дод.


Дар ин бора аз раёсати бозрасии давлатии автомобили ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Ба  иттилои манбаъ, тахминан соати 23:30-дақиқаи шаби 12-уми сентябр, ронандаи автомашинаи тамғаи «Шеврале Оптра» Диловар Олимови 32- сола, сардори маркази таҳлилӣ раёсати нозиротӣ-ташкилии вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳаракат ба кӯчаи Қаҳҳоров аз самти хиёбони Саъдии Шерозӣ ба тарафи кӯчаи Фучик дар рӯбарӯи хонаи истиқоматии 248, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бармехӯрад. Дар натиҷаи садама худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Мусофири нақлиёт Тани Жалавиевнаи 29 –сола бошад, ҷароҳат бардошта ба касалхона интиқол ёфтааст.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!