Бахшҳо

Интиқоди Садриддин аз “Озодагон”: Зуртон ҳофизода мерасад? (ВИДЕО)

Садриддини Наҷмиддин, хонандаи номовари попи тоҷик аз охирин барномаи “Weekend”-и “Озодагон”, ки дар мавриди клипҳо суҳбат мекард, интиқод кардааст.

Дар навиштае, ки аз номи ин овозхон ба Фейсбуки расмии хабаргузорӣ омадааст, кормандони “Озодагон” дар “тарсончакӣ” муттаҳам мешаванд. “Зуртон ҳофизода мерасад. Канӣ проблеммаҳои ҷомеаро бардоред. Худатонро хабарнигор мегиред, тарсончакҳо, аз Орзу ибрат гиред”,-омадааст аз Фейсбуки Садриддин. Бештари огаҳони шоу бизнес тасдиқ карданд, ки ин саҳифаи худи Садриддини Наҷмиддин аст.

Дар посух ба як номаи хабаргузорӣ, Садриддин дубора навишт, "баробари камбудиҳои клипҳо пирӯзияшро ҳам гӯед. Шумо худатон ба худатон савол диҳед, ки барои пешрафти ҷомеа ва номи тоҷик чӣ саҳм ё хидмат кардаед?" Ба дунбол, хабаргузорӣ аз ӯ дархост кард, дар мавриди силсиласафарҳои ҳунарияш ба Австралия, ки қарор аст моҳҳои декабр ва январ сурат пазирад, барои нашри як хабар маълумоти бештар ироа кунад. Аммо бо гузашти панҷ рӯз ҳеч ҷавобе нагирифтааст.

Мавзӯи “Викенд”-и ахир клипсозӣ дар Тоҷикистон буд ва онҷо аслан клипсозон мавриди назар буданд, на сарояндаҳо. Дар ин барнома аз ду клипи Садриддини Наҷмиддин ҳам мисол зада шуд.

Барномаро инҷо бубинед. Интизори назари Шумо ҳам ҳастем.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Акаи Садриддин нодyрyст хафа нашаведy хабарнигорон дyрyст дар мавриди клипҳо сухан карданд. Ман аслан сyрyдҳоеро ки шyмо бо духтарони урён ба навор мегиред рози нестам чyн барои мyсалмони комил ин кор дyрyст нест. Бо вyҷyди ҳамаи ин амали номyсалмони боз сатҳи пасти клипсозон ки хабарнигорон дар онҷо гуфта гyзаштанд. Шармам меояд ки ҳамчyн клипҳои пастро аз номи Тоҷик пахш кyнандy дигар ҳамзабонони мо онро тамошо кyнандy моро масхара.

Комрон
Садриддин рост гуфтай! Маладес, шери нарай!

Хуршед
Садриддин ранги арусо кахру ноз накун! Хамин хабарнигоро набошанд, туя ки аз кучо мешиносад? Ки медонад, ки ту дар кучо чи клип монди? 1 вакт ёдам хаст кахр карда меравам гуфта буди, о чиба нарафти?

Ингуна клипхо сатхи пасти тахаюлоти эчодии клипсозони точикро нишон медихад. бубинед, ки даруни коху похсадеворро хам натавонистаанд клипе мувофик ба хамон мухит бисозанд. Яъне хади акал интихоби суруд ва сару либосро ба назар нагирифтаанд. Садриддин на бояд аз журналистон биранчад балки аз режисёронашон биранчанд, ки чунин сахнахои масхараомезро барояшон омода мекунанд.

Taj
Dar hakikat sok nestand ovozhonoi mo. koroe ki mekunand yagon mane nadorad.

..
Мисли марди точик бихон, ба эронихо таклид накун, духтарони уренро дар клипхоят намон, хеч кас туро танкид намекунад.

шоди
и хофизора пасти бад назанед ки дилошон мезана барои ин клипхо карздор шудагиян хозир машеникида гузаштагиян ха ха ха

Садриддин, шумо мебоист интикоди Озодагонро бо як тахаммули хоса кабул мекардед, бидуни ягон кинаву адоват ва суханхои тез, зеро шумо сароянда хастеду аз фарханги суханрони ба дигарон бояд ки намунаи ибрат бошед, яъне дипломат шудан даркор !

Фирдавс
Масҳарабоз ҳам гап мезанад... Худат чӣ кор кардӣ? Андоз супоридестӣ? Маишат кардесӣ, маишат кардан гир.

Журналисто ростон мега аму акаи Садриддин

ин мардаки хуб аз Амонулло Хукумов хам гузаронд-ку

Ман нав фахмидам, ки сарояндахо хам худашонро фоидаовари чомеъа мешуморанд.Чомеи точик имруз аз пушти Шумо барин хофизхо ба чои пеш рафтан асрхо ба кафо рафтааст. Шумо худ фикр кунед ба чои насли навраса тарбият кардан бо ин клипхои даруни кафасу лаби бахру укёнус бадахлок гардонидаед. Шумо як назар кунед ба сурудхои Зафар Нозим, Афзалшохи Шоди, Нигина Раупова ва дигарон ки барои тарбияи насли наврас таъсири мусби доранд. Фаромуш бояд накунед, ки ин С.Начмиддину дигару дигаронашон Автралия, ИМА, ё дигар чойхо барои манфиат худ мераванд на ба фикри пешбурди чомеъа.......
Илтимос сарояндахои хозиразамон даст кашед аз клипхои бемаънетон, Шумо пул кор мекунед насли навраса бадахлок мекунед..... ahmad,

Садриддин пушаймон нашав аз гапи гуфтагиат, метони рави ба дар хамун Европа клипхо намоиш додан гири. Насли навраси точикда китобу дафтари хониш лозим на клипхои туву ту баринхо

И Садриддин фикр кардааст, ки мурочиаташро мухлисонаш мехонан. О и мухлисои ту факат клипхои беъмаънеи туву ким кадом репу пеп гуш карда мегардан. инча чои ин хел даъвохо нест.

Филолог
Садриддинчон, хуб навишта наметавонед, аз сари хамон пули даромадатон як-ду сум чудо карда, як одами хушнависро кироя кунед ва баъд назаратонро нависед.

Садриддин аввал дуруст гап задана ёд гир баъд эрод гир))))))))))

Акаи Садриддин хондеса боши гуш кн бародар овощи тиллойи дориву худатро хайф кардесоди эрони хондану клипой беманит сабаб шудаст имруз ки пешрави дар касбат суст ба Назар мерасад ту ака точики хон клипота ибратбахши точикона кун худ мебини ки хеч як филе дар чодаи санат дар дами шухрату пешрафти ашадиат истод ва ракобат Карла наметавонад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)