Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:48

Лоиҳаи қонун «Дар бораи милитсия» мавриди баррасии аъзои шӯрои МН

12 сентябр 2011, 10:30

Имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон      ҷаласаи шӯрои маҷлиси намояндагон сурат пазируфт.


Тавре ба «Озодагон» Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон иттилоъ дод, зимни нишасти мазкур, лоиҳаҳои қонунҳои Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни  Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии  Тоҷикистон барои соли 2011», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни  Тоҷикистон «Дар бораи реклама», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Тоҷикистон  «Дар бораи Гвардияи миллии  Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни  Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони  Тоҷикистон» баррасӣ гардиданд.

 

Ҳамчунин манбаъ қайд кард, ки  аъзои шӯро созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати  Қазоқистон оид ба расонидани кӯмаки ҳарбии ройгон, созишнома байни ҳукумати  Тоҷикистон ва шӯрои Федералии Швейтсария оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, созишнома байни давлатҳои аъзои созмони ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ ва созишномаи қарзи имтиёзнок тибқи лоиҳаи ташкили шабакаи ягонаи барқии шимоли  Тоҷикистон байни ҳукумати  Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Хитойро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!