Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:05

Обхезӣ дар Покистон: 5 миллион одам зарар дидааст

12 сентябр 2011, 11:41

Бар асари обхезии пайдарпай теъдоди зиёди сокинони ҷануби Покистон зарар дидаанд.


Мақомоти давлатӣ иқдоми фавриро барои кӯмак ба қурбониён аз сар гирифта, амалиёти наҷотдиҳӣ ва кӯмакрасонӣ идома дорад. Феълан, дар маҳалли  ҳодиса низомиёни амрикоӣ барои зарардидагон паноҳгоҳи муваққатӣ омода карда, кӯмакҳои башардӯстона тақсим менамоянд. Тибқи  иттилои расмӣ дар натиҷаи обхезии шадид  22 минтақаи аёлоти Синд зарар диданд. Гуфта мешавад, шумораи зарардидагон дар ҳафтаи охир ба 150 ҳазор нафар расида, 270 манзили зист таги об монданд, хабар медиҳад РИА Новости. Сабаби обхезиро бошад, боронгарии зиёд дар нимаи моҳи августи соли равон унвон мекунанд.

Ёдрас менамоем, як сол қабл обхезӣ 20 дарсади Покистонро зери об карда, он вақт теъдоди зарардидагон ба 20 миллион нафар расида буд. 1700 нафари дигар дар пайи ин ҳодиса ҷони худро аз даст доданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!