Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:29

Нахуствазири Туркия аз Мисру Либия ва Тунис дидан мекунад

13 сентябр 2011, 05:51

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия  барои пайдо намудани ҷонибдоронаш дар масъалаи мубориза бо Исроил дар қиболи куштори оммавии мусулмонони Фаластин ва таҳоҷум болои мардуми осоиштаи кишвараш ба Миср сафар намуд.


Тавре расонаҳои хабарӣ менависанд, дар Қоҳира дидору гуфтугўи   Эрдуғон, ки бо изҳоротҳои тезудундаш дар қиболи сиёсати ғасбкоронаи Исроил болои мусулмонон шинохта шудааст, бо сарвазири Миср Исам Шараф ва сарвари Шўрои олии ҳарбии ин кишвар Ҳусайн Тантавӣ доир гардид.

Сафари нахуствазири Туркия дар ҳоле сурат гирифт, ки мардуми  Миср ҷавобан ба  амалҳои Исроил болои сокинони осоиштаи Фаластин  сафоратхонаи ин кишварро оташ заданд. Исроил бошад, бо фиристодани як тайёраи ҳарбӣ намояндагони дипломатии худро аз хоки Миср берун оварда буд.

Ҳамчунин сарвазири Туркия ба кишвари Либия ва Тунис, ки чанде пеш дар он ҷо балвоҳои мардумӣ сурат гирифта буданд, сафар хоҳад кард.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!