Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 4 июл 2022, 19:57

Боздошти котиби Суди Олии иқтисодӣ бо 52 ҳазор $ пора

11 октябр 2014, 10:12

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Асроров Азимҷон, котиби Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон хабар дод, ки дар гирифтани 52 ҳазор доллар пора муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод Асроров барои ба манфиати театри анъанаҳои миллии «Гаҳвора» бекор кардани ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон- Ҳоҷимуродова, Шокирова ва Толиббекова тобистони соли равон дар се ҳолат дар маҷмуъ 52 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ баҳси судӣ миёни “Гаҳвора” ва Додситонии генералии Тоҷикистон будааст, ки бо қарори Суди иқтисодии Душанбе ба манфиати давлат ҳал шуда буд. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, гарчанде тағйири ин қарор ба салоҳияти Асроров дохил намешавад, ӯ тариқи қаллобӣ 52 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта аз худ кардааст. Оҷонсӣ мегӯяд, Суди Олии иқтисодӣ низ баҳсро ба манфиати театри “Гаҳвора” ҳал накард.

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки феълан Асроров боздошт шуда, алайҳи ӯ бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ ва аз худ кардани амволи ғайр парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан ба иттиҳоми порагирӣ судяи Суди Олӣ дастгир шуда буд, ки бо пешниҳоди президент ва тасдиқи парлумон таъин мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • шаҳрванд

  • 11 октябр 2014 10:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акнун ҳамин гуна ашхос дар суди иқтисоди моликияти Зайд Саидро мусодира карданд...ҳоло рузҳое хоҳанд омад,ки бисёр ҳақиқатҳо ошкор хоҳанд шуд...
Посух додан
  • гахворабанд

  • 11 октябр 2014 10:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Очонсии зидди фасод ана бояд дар хамин ниходи хифзи хукук тафтишот гузаронанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чи гап худаш чиноят соли гузашта гузаштаасту имсол ин котиби бечораро дастгир мекунанд, читавр котиб хал мекардааст худ казоват кунед инчо малум ки боз судяааш ягон хешу табори болои ё аз махалаи одамони боло мебошад, очонси чаро раисону, вазирони калон ё нахангони калонро намедоред,,,,,,,,,, ба мо маълум худаш аз тарси президент ки ЧО падвадит нашавад аз кадрхои интихоб кардааш.
Посух додан
  • تنم

  • 11 октябр 2014 11:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хамааш бози аст! Зуршон, ки ба судя намерасад бечора котиба капидан!!!!
Посух додан
  • ГУРУҲИ 25

  • 11 октябр 2014 12:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
инҷо савол пеш меояд ки магар котиби суд метавонад масири парвандаи ба ин муҳимиро тағир диҳад?! Боз ҳам мушахас шуд ки дар шасти агенти "моҳичаҳо" меафтанд ва " наҳангҳо" ки ин моҳичаҳо ба супориши онҳо корро кардаанд ва шояд 5 дарсад насиби моҳичаҳо шудааст қурбонии ин масъала мешаванд
НАҲАНГ ДАР ҲОЛАТ НАҲАНГ АСТ БА МИСЛИ ПИСАРИ ҲУКУМОВ!!!
Посух додан
  • МАСРУР

  • 11 октябр 2014 16:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бечора ай Кулов набидай да, ай кадом нохияхои кухистонай ба фикрум
Посух додан
  • Dushan

  • 12 октябр 2014 10:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо шарм намедоред ба дили мардум задаед дуздони харомхурхо аз хурд то калон гуруснаед ин давлати шумо корупсиони хаст аз суд то коргари одди порахуред
Посух додан
  • точики-О

  • 14 октябр 2014 08:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин!!!!Ана хамин хел кор кунед.Барои хамин хам давлат бароятон бовари кард, мансаб дод........Акнун бинушед хуни мардуми бечораро. ---Шуморо президент таъин намудааст,акнун хукук доред......

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!