Бахшҳо

ВИДЕО: Бонуи ҳиҷобпӯш дар клипи нави Мансур

Як клипи тозаи Мансур Ҷаъфарӣ, сарояндаи маъруфи эронитабор, ки бо иштироки як бонуи ҳиҷобпӯш таҳия шудааст, дар як муддати кутоҳ дар интернет тамошобини зиёде пайдо намудааст.

Клип бар матни таронаи “Шаби иғтишош” ё шаби парешонӣ наворбардорӣ шуда, Мансур онро 9 октябр дар саҳифаи Фейсбукаш гузоштааст ва ҳамон рӯз дар саҳифаи ӯ дар шабакаи Ютуб низ нашр гардидааст. То замони навишта шудани ин хабар теъдоди бинандаҳои он дар Ютуб ба 4294 мерасид.

Бештари клипҳои Мансур бо иштироки хонумҳое дар либоси аврупоӣ таҳия шудааст ва аммо дар нақшии аслии клипи “Шаби парешонӣ” як бонуи ҳиҷобпӯш қарор дорад.

Матни “Шаби иғтишош”-ро Маҷид Солеҳӣ ва оҳанги онро Муртазо Лутфӣ навиштаанд. Клипи онро Маҳдӣ Хайрхоҳӣ таҳия кардааст.

Мансур аз сарояндаҳои саршиноси эронзабон аст. "Фирорӣ" , “Фақат ба хотири ту”, “Дарича”, “Зиндонӣ” аз ҷумлаи машҳуртарин таронаҳои ӯянд. Мансур дар 13-солагӣ Эронро тарк намуда ва ҳоло дар Амрико ба сар мебарад. Дар Эрон фурӯши клип ва диксҳои Мансур мамнӯъ аст. Мансур дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёде дорад ва чанд маврид ба кишвари мо ҳам омадааст.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
хонанда
Эй мардум магар ҳаминҳам хабар шуд ин чигуна расогааст хай чи як нафар ҳиҷоб пуҳидааст дар ким кадом клип якбор ба худатон суол диҳед ин чи сатҳ 000000000

ин сарояндаро нагyзоранд ба кишвари мо биояд чyн ин кас ҳиҷобро таблиғ кардаст. Давлатмардони мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳандy ин сарояндаро танбеҳ диҳанд. Бо омадани ин сароянда ба кишвари мо амнияти занҳои мо ба хатар меафтад. Шyкрона кардан даркор шyкрона

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)