Бахшҳо
14 окт 2014 09:45Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Доллар боз хест: Зӯри Бонки Миллӣ мерасад?

Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои "Озодагон"

Қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон боз майли гаронию рекордшиканӣ дорад ва феълан арзиши хариди як доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор аз 5,17 то 5,19 ва фурӯш аз 5,19 то 5,21 сомонӣ нишон дода шудааст. Гарчанде арзиши доллар дар нуқтаҳои саррофии Душанбе дар фурӯш ҳудуди 5,20 сомонӣ нишон дода шудааст, аммо саррофон вақти фурӯш то ба 5,25 сомонӣ талаб мекунанд ё мегӯянд, ки доллар надорем.

Ин болоравӣ дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду ҳафта қабл Бонки Миллӣ эълон дошт, ки барои поён бурдани қурби доллар дар баробари сомонӣ беш аз 7 миллион долларро ба бозори нақд ворид намудаст. Аммо ҳанӯз як ҳафта нагузашта буд, ки қурби доллар боз майли гаронӣ карду феълан ба ҳадди рекордӣ расидааст.

Саррофон дар нуқтаҳои мубодилаи асъор дар маркази Душанбе ба суоли “Озодагон” дар бораи омилҳои боло рафтани қурби доллар изҳор доштанд, ки талабот зиёд аст ва афзуданд, ки агар Бонки Миллӣ дахолат накунад, яъне долларҳои нақдро ба бозор ворид насозад, гароншавӣ метавонад идома ёбад.
Фурқат, як саррофи нуқтаи мубодилаи асъор дар хиёбони Рӯдакӣ гуфт, феълан талабот ба доллар якбора зиёд шудааст, чун марзҳои Чин барои чанд рӯз баста буданд ва акнун, ки кушода шуданд, тоҷирони мо боз барои мол ба ин кишвар мераванд: “Чун долар боло рафт дар баробари ин молҳои дигар ҳам метавонанд қимат шаванд, зеро аксари молҳои Тоҷикистон воридотӣ мебошанд ва дар хориҷа бо доллар харидорӣ карда мешаванд.”

Талабот дар ҳоле ба доллар зиёд шудааст, ки воқеан ҳам аввали моҳи равон дар Чин иди Дониш таҷлил мешуд ва бинобар ин чанд рӯз марзҳои ин кишвар баста буданд.

Озар Холназаров, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд қурб дар бозори асъор ҳам аз талабот ва пешниҳод вобаста аст ва мутаассифона имсол интиқоли маблағ аз Русия нисбати солҳои пеш коҳиш ёфтааст ва воридоти асъори нақд ба бозор камтар шудааст: “Инчунин беқурбшавии рубли русӣ низ ба бозори мо таъсир мерасонад, чун ин кишвар аз ҷумлаи шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад.”

Феълан қурби як рубли русӣ дар худи Русия дар баробари доллар ба таври бесобиқа поён рафта, як доллар беш аз 40 рубл арзиш дорад. Ин омил ба сатҳи даромади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия низ таъсири манфӣ мерасонад, ки теъдодашон беш аз 1 миллион нафар арзёбӣ шуда, ҳамасола ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ ворид мекунанд.

Қурбоншо Аламов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Маскав ба мусофиркашонӣ машғул аст, изҳор медорад , ки беқурбшавии рубл даромади ӯро кам кардааст: “Мо ва бисёри тоҷикони дигар маошашонро бо рубл мегиранд. Барои мисол қаблан агар 45 ҳазор рубл мегирифтам, он баробари 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ буд. Ҳозир маошам ҳамагӣ 1100 доллар мешавад, ки хеле кам аст.”

Ин дар ҳолест, ки қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон низ майли поёнравӣ дорад ва феълан 1000 рубли русӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе ба ивази аз 125 то 129 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар ҳоле, ки қаблан арзиши 1000 рубли русӣ то ба 155 сомонӣ мерасид.

Дар ҳамин ҳол сокинони оддии Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки боло рафтани доллар як баҳонае хоҳад шуд, ки фурӯшандагони молҳои дигар беасос ва бамаротиб нархҳои колояшонро боло мебаранду ба буҷаи хароби мардум боз як зарбаи дигар мезананд. Таҳлилгарон мегӯянд, пойбандии Тоҷикистон ба омилҳои берунӣ қурби пули миллиро нисбати доллари амрикоӣ осебпазир кардааст. Бонки Миллӣ ҳам наметавонад муддати дароз бо вуруди пули нақд ба бозор қурби долларро поин нигоҳ дорад, чун зураш намерасад ва аз захираҳои бузург бархӯрдор нест.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
5
Ужас ку!Хама чизхои бесифат низ киммат мешаванд чи коруш кунем?

Darvesh
5,
Shukrona kuned ki chunin davlati obodu zebo dored!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)