Боздошти “наркобарон”-и зодаи Бадахшон дар Бишкек
Мақомоти Қирғизистон аз боздошти Оқилбек Отабоеви 48-сола, қирғизи зодаи Бадахшони Тоҷикистон хабар доданд, ки ба иттилои онҳо яке аз “наркобарон”-ҳои калони ҷануби Қирғизистон будааст.
Отабоев, ки муҳаррири рӯзномаи “Чийир” ва узви ҳизби “Ақийқат” арзёбӣ мешавад, ба иттилои Вазорати умури дохилии Қирғизистон бо 10 кило героин ва беш аз 10 кило анвои дигари маводи мухаддир боздошт шудааст. Мақомоти қирғиз мегӯянд, боздоштшуда як гуруҳи нашаъаҷаллобонро роҳбарӣ мекардааст, ки асосан аз атбои тоҷику қирғиз ташкил шудааст: “Ин гуруҳ як шабакаи собити интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба ҷануби Қирғизистон баъдан Бишкек ва Қазоқистону Русияро роҳандозӣ кардаанд ва асосан бо мухаддирот дар ҳаҷми калон сарукор доштаанд.”
Арзиши 10 кило героин, 2 кило афюн ва беш аз 10 кило мухаддироти дигар, ки аз Отабоев мусодира шудааст, дар Русия ҳудуди ним миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |