Бахшҳо
22 окт 2014 15:33Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Чаро писарон аз гиребони падар мегиранд?

Атохон ҒАНИЕВ

Аз ахбори ВКД:
“9 октябри соли 2014, дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб падару писар, Асоев Олими 50-сола ва Ҷобиров Манучеҳри 18-сола ва бо ҳам муноқишаву ҷанҷол карданд. Дар натиҷаи муноқиша писар сангеро бардошта, бо он ба сари падар кӯфт ва падар бо ҷароҳати вазнин ба беморхона фиристода шуд.”

“Чанд рӯз пеш кормандони милиса гурӯҳи наврасони 17-сола, хонандагони як мактабҳои миёнаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо бо ҷурми он, ки рӯзи 15 октябр ҷиҳати авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда,бо ҳам занозанӣ карданд,дастгир сохтанд. Парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. ”

Чунин хабарҳоро аз сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зиёд пайдо кардан мумкин аст. Ба иттилои Додситонии кули Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2014 дар қаламрави кишвар бо ширкати ноболиғон 468 ҷиноят рӯй додааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2013, 11 қонунвайронкунӣ зиёд аст.

Ҷавононро чӣ ба ҷинояткорӣ водор месозад? Фотима Яъқупбаева, сарвари кули ширкати ҳуқуқии “Преседент”-и Қирғизистон мегӯяд, омилҳое ки сабаби афзудани ҷинояткории наврасон шудааст, зиёд мебошад, ки назорати сусти волидону парасторон асоситарини онҳоанд. “Барои чӣ ҷинояткории наврасон меафзояд? Барои он ки дар мактабҳо тамаъҷӯӣ мавҷуд асту дар кӯчаву хона фишор. Ба таври мисол, чун кӯдак мебинад, ки аз нафаре телефонашро бо зӯрӣ гирифтанд ва касе ки ин корро кард, беҷазо монд, ҳарчанд ҳама аз ин воқиф буданд, барои кӯдак намунаи баде хоҳад шуд. Фикр мекунад, ки ӯ низ метавонад чунин кунад ва касе ҷазояш нахоҳад дод”,-меафзояд Яъқупбаева.

Афзудани ҷинояткории ҷавонону наврасон қариб дар ҳамаи кишварҳои ИДМ дар як сатҳ қарор дорад. Аз ҷумла, масъалаи зиёдшавии ҷинояткории ноболиғон дар Қазоқистон низ ташвишовар аст. Аз рӯи маълумоти Прокурори генералии Қазоқистон, ҳар сол беш аз 8 ҳазор ноболиғоне, ки даст ба ҷинояткорӣ задаанд, ба қайд гирифта мешавад. Солҳои охир дар марказҳои маҳдудияти муваққатӣ, мувофиқкунӣ ва солимгардонии наврасони Қазоқистон беш аз 70 ҳазор кӯдаки бесаробону беназоратмонда ҷойгир шуда, 10796 нафари онҳо ба хонаҳои бачагон ва мактаб-интернатҳо фиристода шудаанд.

Дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон низ сатҳи ҷинояткорӣ миёни наврасон боло меравад. Бекмамат уулу Темирбек, муовини аввали додситони Қирғизистон гуфтааст, солҳои охир ҷинояткории ноболиғон ба таври қобили мулоҳиза афзудааст. Агар дар соли 2012 наврасон 1206 ҷиноят содир карда бошанд, пас ин нишондиҳанда дар соли 2013 - 1314, яъне нисбат ба соли гузашта 108-то зиёд шудааст.

“Намудҳои асосии ҷиноятҳое, ки ҷавонон ба он даст мезананд авбошӣ, тамаъҷӯӣ, расонидани зарари сабук ва вазнини ҷисмонӣ аст,-мегӯяд Фотима Яъқупбаева ва идома медиҳад -умуман метавон хулоса баровард, ки ҷавонону наврасонро ба ҷинояткорӣ заъфи иҷтимоӣ ва сатҳи пасти таъминоти моддӣ такон медиҳад”.

Алексей Афганов, рӯзноманигор ва нависандаи маъруф аз Русия мегӯяд, воситаи ҷалби ҷавонону наврасон ба фарҳанг, варзиш, маҳфилҳои гуногун метавонад ҷинояткориро миёни онҳо коҳиш бидиҳад: “Бояд толорҳои бепули варзишӣ барои машқи бозиҳои волейбол, баскетбол, футбол,теннис ва ғайра кушод. Ташкил намудани вохӯриҳо бо инсонҳои нек, қаҳрамонон ва варзишгарони ғолиби озмунҳои байналмиллалӣ низ ба манфиат аст. Ҳамаи ин ҷинояткорӣ аз бекорӣ, ноилоҷӣ анҷом мешавад. Машруботи спиртиро маҳдуд не, балки дар сатҳи давлатӣ бояд қатъиян манъ кард. Нашъамандиро низ решакан кардан лозим аст”.

Ба қавли Фотима Яъқупбаева дар коҳиш додани ҷинояткорӣ миёни ҷавонону наврасон ва ташаккули шахсияти мусбӣ нақши муҳимро муҳит мебозад: мактаб, падару модар ва дӯстон. Нависандаи машҳури рус Николай Карамзин навиштааст: “Новобаста ба мавҷудияти мактабҳо, тарбияи хуб бе падарҳои хуб номумкин аст”.

Аммо чӣ таззоди аҷибест, ки алҳол пайдо кардани падарҳои хуб мушкил шудааст, чунон ки ёфтани мактабҳои хуб...


Мӯҳр
88
Хама дар паи кофтукоби кутти лоямут ки бачаро тарбия мекунад?Хама чо факат шиорашон пула биер бачча,оянда чи мешавад?

Раис
Сабаби хамаи ин бадбахтихо дур шудани мардум аз динни мубини ислом АСТ!!!
Бояд дубора воъизонро ба масчид ичозат дода шавад!!! (Хочи Мирзо, эшони Нуриддинчон... инхо ободию хушбахтии дину миллатро мехоханд).

Muslim
Сабабаш гуфти бародармон Раис дуруст аст о чавононро намонед ба масчид раванд ахлоки хубро аз амри маъруфхо бифахманд воизхои хак гуйро аз минбархо гирифтанд ин аст натичаи бадбахтии мо мо худ дини худамонро хор карда истодаем ва хор мешавем .... Пас бояд хар кас масъулияташро дарк кунад азизон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)