Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:26

Коршиноси рус: Даъвои Ӯзбакистон дар мавриди НБО-и Роғун беасос аст

14 сентябр 2011, 06:37

Евгений Надеждин, муовини сардори Оҷонсии энергетикии Русия мегўяд, сохтмони нерўгоҳи барқӣ- обии «Роғун» барои хоҷагии қишлоқи Ўзбакистон зараровар нест ва нигаронии масъулини ўзбак дар ин маврид беасос аст.


Ба гуфтаи ў, он омил, ки лоиҳаи Роғун дар замони Иттиҳоди  Шўравӣ таҳия гардида, ба амалисозии он оғоз бахшида шуд, аз дурустии суханҳояш шаҳодат медиҳад: «Ўзбакистон барои Иттиҳоди Шўравӣ махзани бузург ва асосии пахта буд  ва масъулини онвақта барои «Роғун» шуда, дар ягон ҳолат пахтаи ўзбакиро зери хатар намегузоштанд».

Вай инчунин иштироки Русияро дар  лоиҳаи «Роғун» аз нигоҳи иқтисодӣ манфиатовар арзёбӣ карда, афзуд, ки даст кашидани Русия аз ин лоиҳа ҷанбаи сиёсӣ дорад.

Дар маҷмўъ, Евгений Надеждин суръати амалишавии лоиҳаи «Роғун» - ро суст арзёбӣ карда, масъулини Бонки ҷаҳониро ба кашолакорӣ муттаҳам кард.

Айни ҳол,  лоиҳаи НБО и Роғунро аз нигоҳи экологӣ, ширкати швейтсариягии  «Poiry Energy LTD» омўхта,  Консорсиуми байналмилалии дигар, зери роҳбарии ширкати фаронсавии «Coyne et Bellier Consultinq Engineers» ба асосноккунии техникӣ – иқтисодии лоиҳаи НБО – и «Роғун» машғул мебошад.

Омўзиши дубораи техникӣ – иқтисодии лоиҳаи НБО –и Роғун зери пофишориҳои Ўзбакистон ва бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифта истодааст.

НБО – и Роғун дар масофаи 110 километр дуртар аз Душанбе сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якашон 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозигии Ўзбакистони ҳамсоя шудааст,  тибқи лоиҳаи қаблии НБО  335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерўгоҳ ба 13,3 километри мукааб баробар хоҳад шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!