Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:49

52.000000 доллари амрикоӣ дар бахши адлия ва амнияти Тоҷикистон сарф шудааст

14 сентябр 2011, 07:14

Сафорати ИМА дар Душанбе барои кормандони милиса ва фарзандони онҳо давраи бозомӯзии забони англисӣ доир кард.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин мақомоти дипломатӣ, дафтари сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо иҷрокунанда «Зе Эмерҷенс Груп» курсҳои забони англисиро роҳандозӣ намудааст. Гуфта мешавад, курсҳои семоҳаи ба наздикӣ ба итмом расида ба сарфу наҳв, ҳусни хат, хониш, нутқ, талаффуз, фаҳмидани нутқи шифоҳӣ ва луғат диққат дода буд. Айни замон бисту шаш хонандаг  курсҳоро хатм карданд.

Зимнан аз сафорати Амрико  ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки ҳукумати ИМА омодааст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои соҳаи адлияро дастгирӣ намояд ва мунтазири давомдиҳии ҳамкории зич баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштараки оянда мебошад. Барномаи сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба мардуми Тоҷикистон аз соли 2003 барои дастгирии соҳаҳои амният ва адлия беш аз 52 миллион доллари ИМА таъмин намуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!