Намоишномаи театрӣ аз рӯйи асари президент
Дар театри драмавии Туркманистон намоишномаи “Döwlet guşy”, ки аз рӯйи романи ҳамноми Қурбонгулӣ Бердимуҳамамадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ба саҳна гузошта шудааст, намоиш дода шуд.
Хабаргузории давлатии Туркманистон - TDH менависад, муаррифии романи раиси ҷумҳур як сол пеш дар Дашогуз баргузор шуд. Ин романи Қурбонгулӣ ба падари ӯ бахшида шудааст, ки солҳои кӯдакиашро дар даврони ҷанг сипарӣ кардааст. “Раиси ҷумҳур дар бораи падари худ на танҳо аз хотираҳояш менависад, балки аз далелҳои мустанад низ кор гирифтааст”-омадааст дар хабар.
“Андешидан дар бораи ҷаҳон ва тақдири он, ки бояд ҳифз шавад, яке аз ғояҳои марказии роман мебошад”-навиштааст хабаргузорӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |