Бахшҳо

ВИДЕО: Қабули қонун дар бораи гирдиҳамоӣ ва ҷонибдории Шабдолову "аммо"-и Кабирӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 12 ноябр тарҳи нави қонун “Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо”-ро қабул кард. Ин тарҳи нави қонун баргузории маҷлису гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳои мусоламатомезро ба шаҳрвандони кишвар иҷоза дода, аммо ҳангоми баргузории ин чорабиниҳо маҳдудиятҳое дар ин лоиҳа пешбинӣ шудааст.

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба тасвиби қонун "Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо" раъйи мусбат доданд. Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон зимни баррасии қонун аз он ҷонибдорӣ карда гуфт, нисбат ба тарҳи қонуни қаблӣ дақиқтар ва мушаххас мебошад. “Ҳатто ишора ба он шудааст, ки мақомоти давлатӣ бояд кумак ҳам расонанд. Нуктаи муҳимми дигар ин ки даъват ва ҳузури ташкилкунандаи гирдиҳамоӣ дар ҷаласае, ки барои баргузории он иҷоза дода мешавад, шарт гуфта шудааст ва албатта, ин дар қонуни пешин набуд". Аммо оқои Кабирӣ дар идома аз вуҷуди бархе норавшаниҳо дар бандҳои қонуни мазкур нигаронӣ кард. Ӯ изҳор дошт, “албатта хуб мешуд, масъулин дар оянда байни мафҳуми маҷлиси ҷойёфта дар ин қонун ва маҷлисҳои маъмулие, ки дар корхонаву идора ва ҷамоату деҳот мардум мегузаронанд, фарқият гузоранд. Нашавад, ки ҳангоми тадбиқи ин қонун зери мафҳуми ҷойёфта дар он ҳамагуна маҷлисҳо ба танзим дароварда шаванду ташкилкунандагони маҷлисҳои маъмулӣ 15 рӯз қабл барои ироаи дархост муваззаф карда шаванд.”



Аммо ба андешаи Назира Абдуллоева, муовини раиси Маҷлиси намояндагон дар тарҳи нави қонуни мазкур эроди Муҳиддин Кабирӣ низ ба инобат гирифта шуда, ба навъҳои мачлисҳо ишора шудааст. Ӯ афзуд, “дар моддаи 3-и қонуни мазкур гуфта шудааст, ки он ба кадом чорабиниҳо монеа эҷод намекунад, аз ҷумла ба маҷлисҳо, конфронсҳо ва гирдиҳамоиҳои колективҳои меҳнатӣ, конфронсҳои иттифоқи касаба, иттиҳодияҳои динӣ ва аҳзоби сиёсӣ, ки тибқи қонунгузории кишвар ва оиномаву низомномаи он баргузор мешавад”.

Шодӣ Шабдолов, вакили Ҳизби комунистии Тоҷикистон низ қабули ин тарҳро саривақтӣ номид. Ба гуфтаи ӯ, ин қонун дасти хориҷиҳоро барои анҷом додани ҳар гуна бетартибиҳо дар кишвар кӯтоҳ мекунад: “Дар замони шӯравӣ гирдиҳамоӣ ва митингҳо фаровон буд. Аммо ба ҷониби давлату ҷамъият ва вақте онҷо Иттиҳоди Шӯравиро барҳам доданд, мо қонуне надоштем, ки ин чизҳоро танзим кунем. Ҳар кас баромаду кӯчаҳоро пур кард ва бо дасту маблағи хориҷиҳо ҳамаро барҳам заданд. Мардуми мо тамоман намедонист, ки “коктел” чӣ аст. Дар ҳоле ки он замон бо истифода аз он бинои Кумитаи марказиро оташ заданд. Инчунин бозорҳоро, аз ҷумла тамоми мағозаҳои бозори “Баракат”-ро сӯзонданд. Аз ин рӯ, ин қонун бисёр муҳим буда, бо он дасти давлатҳои хориҷиро дар ин ҷо кутоҳ мекунем”.

Бар асоси тарҳи қонун баргузории маҷлису гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳои осоишта иҷозат дода мешавад. Ташаббускорони чунин чорабиниҳо 15 рӯз пештар бояд барои гузарондани он ба ҳукумати маҳалҳо ариза навишта, теъдоди иштирокдорон, ҳадаф ва ҷою вақти баргузорияшро дақиқ созанд. Дар лоиҳаи қонун гуфта шудааст, ки иштирокдорони ин чорабиниҳо набояд рӯйи худро пӯшонанд.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
вв
Шабдолов,

Хоричихоро айбдор накун. Худи шумо коммунистхои шахшудаи ноухдабаро давлати бузургро титу чош кардед.

Мехр
Барои мафкураи мардуми мо конун мувофикат мекнад- Демократия бояд ба мисли давлати Амрико дар чорчубаи конун нигох дошта, назоратшаванда бошад.

Кабири Худо дод гуфта, боз хар хафта 1000 нафар муллохоро иваз карда, бо навбат майдоноро ичора нигири.

Чаро кредиту грантхои хоричиенро дуст медореду худашонро не? Агар дар ин е он гирдихамои дасти ягон давлати хоричиро дида бошед, чаро руирост дар ин бора намегуед, чаноби Шабдолов. Популизми сиеси ба дилатон назадааст? Пас биеед, пеш аз хама хизбхо ва хукумат аз кредиту грантхо даст кашед, баъд мо бовари хосил мекунем, ки дар минбару дар хилват сухану амалатон якхела аст.

точик
То вакте ин хукумат хаст, хатман бо ягон бахона эътирозхоро манъ мекунанд. Ин конунро хукумат барои тарафдорони худаш кабул кардааст ки мардумро ба куча барорад ва баъд гуяд мо хар коре мекунем бо хости мардум аст.

Чунин марди босаводу дурандеш дар тамоми Точикистон ёфт нахохад шуд ва хар як одам хукук надорад, ки суханхои Уро тахлил канал...

Хонандаи доими
Озодагон аз шумо хох,иш дорам илтимос х,амин ч,умлах,ое ки менависен бо тартиб нависен ки ба осони хонем! то ба кай ба монанди муаммо калимах,оро аз болову поин бо х,амдигар ч,амъовари карда хонем. ба фикрам х,амон шахси чопкунанда точ,ик нест!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)