Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:01

10 миллион сомонӣ барои як варзишгоҳ ҷудо гардидааст

16 май 2011, 04:27

Ба истиқболи ҷашни 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар  ноҳияи Фархор сохтмони 26-иншоот дар нақша гирифта шудааст.

Агар аз як ҷониб сохтмони ин иншоот аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳукумати марказиву ҳам ноҳиявӣ бунёд меёфта бошанд, аз тарафи дигар ҷалби маблағҳои ташкилотҳои хориҷӣ низ дар бунёди корхонаҳои коркарди меваҷот ва хурди саноатӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре  Қурбонбой Каримов, раиси ин ноҳия ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» иттилоъ дод, яке аз иншооти бузург, ин таъмир ва барқароркунии варзишгоҳи марказӣ ҳаст, ки тибқи нақшаи пешакӣ бо истифодаи беш аз 10-миллион сомонӣ бунёд меёбад.

Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир сохтмони  12-иншоот ба анҷом расидаву  мавриди истифода қарор доранд.

Гуфта мешавад, яке аз соҳаҳои асосии пешрафти ноҳия ин соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳия тайи чанд соли охиар бо истифода аз амри президент дар мавриди бунёди боғҳои нав, даҳҳо гектар боғи нав созмон дода шуда ва садҳо гектар боғҳои кӯҳна аз нав барқарор гардидаанд. Бо бунёди корхонаҳои коркарди меваҷот боғкорон метавонанд маҳсулоти истеҳсолиашонро бе мушкилӣ мавриди хариду фурӯш қарор диҳанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Қурбонбой Каримов,4-корхонаи хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар ноҳия мавҷуд будаанд, тақрибан фаъол нестанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!