Бахшҳо

Абдулқодирзода кӯмак ба гадоёни “касбӣ”-ро ҳаром хонд

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз касб шудани гадоӣ дар кишвар шадидан ибрози нигаронӣ карда, онро аз нигоҳи шариати Ислом ҳаром хонд.

Абдулқодирзода рӯзи 21 ноябр зимни ироаи хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, бо кумаки молӣ кардан ба афроде, ки гадоиро касб кардаанд, шахс на танҳо савоб намегирад, балки ҳатто гунаҳкор низ мешавад. “Бисёре аз олимон додани пул ба ин гуна ашхосро ҳаром гуфтаанд, чун онҳо тамаъҷӯию гадоиро барои худ касб ё ҳунар қарор дода, роҳи ҳаромро барои гузаронидани зиндагӣ интихоб кардаанд, албатта дар ин бора афроди воқеан нодору маъюб истисноанд. Гадоӣ танҳо замоне дуруст аст, ки шасх бо моли талбидааш, худро аз марг наҷот диҳад”, - афзуд ӯ.

Раиси Шӯрои уламо инчунин аз ҷалби кӯдакон барои гадоӣ дар Тоҷикистон ибрози ташвиш карда, аз сокинони кишвар хост, барои онҳо кӯмаки молӣ накунанд. Ӯ гуфт, “вақте ба ин кӯдакон пул дода мешавад ва онҳо дар як рӯз 20-30 сомонӣ ҷамъ мекунанд, одат мекунанд, гадоиро ба худ касб мекунанд ва фикр мекунанд, мешудааст. Сару либоси жанда мепӯшаду дасту пои худро маъюб нишон медиҳад. Вақте соати корияш тамом шуд, мебинӣ аз аробачаи маъюбӣ хеста меравад”.

Абдулқодирзода дар идома аз як гуруҳи донишмандони исломӣ низ ёдовар шуда гуфт, ҳастанд олимону воизоне, ки мухотабони онҳо дохили ҷаннат мешаванд ва худи онҳо бошад, сӯи ҷаҳаннам: “Мавъизагаре аст, ки садҳо одам аз суханҳои ӯ ҳидоят ёфтаанду мераванд ҷаннат, аммо ӯ меравад, ҷаҳаннам. Чун олим мегуфту амал намекард. Оне ки намедонад, ҳадди ақал баҳона меорад, ки намедонист ва ҳоло оне ки медонисту намекард, чӣ мегӯяд?!”

Ин ташвиш ва даъвати раиси Шӯрои уламо дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумони кишвар низ дар як суҳбати худ ба ин масъала дахл карда, аз гадоии кӯдакон дар кишвар ибрози нигаронӣ кард. Раиси Ҳизби исломии кишвар ҳатто гуфт, ҷонибдори дар ба дар гаштани кӯдакони тоҷик дар рӯзҳои Иди Фитр Қурбон низ нест, чун ба гуфтаи ӯ, хӯи гадоиро метавонад дар онҳо ба вуҷуд орад.
Мӯҳр
Вакт
Мухтарам кормандони Озоди албатта мо мухлиси Шумо хастем, ки Шумо матоили рузро дакик ва сари вакт пешкаши бинандагонм худ мегардонед! Аммо баьзе вакт чунин мавзуьхоеро ба мисли хамин бароиадхои Домулло Муфти пешкаш менамоед мардум ба хусус чомеа мутаассифона аз хамин Шахс дилгир шуданд, чунки дар чаьмият номбурда Иззат ва эхтиром надорад. Хуб мешуд ягон мусайфи нурони ба каду баст ва такводорро таьин мекарданд боз хам Сиесати имруза рушд ва нумуь мекард! Мо мухлисони шумо кормандони Озодагон

Мехр
Вакт. Ин фикри шахсии Шумо аст. Шумо Соз ахмият додаги не,на ба каду басташ ва на гуш хам кардагиш . Агар хардуяша ба чо меоварди, баъд аз нур гап мезади.

Бегараз
Абдулқодирзода дар идома аз як гуруҳи донишмандони исломӣ низ ёдовар шуда гуфт, ҳастанд олимону воизоне, ки
мухотабони онҳо дохили ҷаннат мешаванд ва худи онҳо бошад, сӯи ҷаҳаннам: “Мавъизагаре аст, ки садҳо одам аз
суханҳои ӯ ҳидоят ёфтаанду мераванд ҷаннат, аммо ӯ меравад, ҷаҳаннам. Чун олим мегуфту амал намекард. Оне
ки намедонад, ҳадди ақал баҳона меорад, ки намедонист ва ҳоло оне ки медонисту намекард, чӣ мегӯяд?!”
Худи мухтарам чаноби муфти аз кадом гурухи ин одамон бошад?

Шоди
Мулло шумо бояд дигар ба минбар набароед чунки дигар насихатшунахо намоандаанд хаоло х кариб хама тальбандаанд аз чумла шумо хам боки озодагон чоп кунед

Гамхор Кумитаи дин
Чаноби Саидмукарам мехохед, ки хамин бечорахоро аз як барида нон бенасиб г8ардони. Кори осон нест талбандаги онхоро хам монанди ту шабхо вичдонашон барои инкорашон азоб медихад.

Хайриддин
Озодагон бисёр хохиш дар бораи тахсили илми домулло Абдулкодирзода каме хам бошад маълумот дар алохидаги медодед.Инчунин дар бораи то муфти таъин гардиданаш ба чи кор машгул буданашро барои мо пешкаш мекардед, бисёр хушхол мегардидем. Ташакур

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)