Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:29

Симпозиуми байналмилалии намояндагони илму фарҳанг дар Душанбе

17 сентябр 2011, 04:28

«Донишгоҳҳои олии фарҳанг ва ҳунар дар паҳнои ҷаҳонии омӯзишӣ».


Таҳти чунин унвон аз 3 то 7 октябри соли равон дар Душанбе ҳамойиши вижа сурат мепазирад. Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи тадорукоти имсолаи симпозиум иттилоъ доданд, чорабинии мазкур лоиҳаи  арзишманди ҷаҳониест, ки намояндагони илму  маориф, ходимони фарҳангӣ ва сиёсӣ, сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва касбии бисёр давлатҳои дунёро гирдиҳам меоварад. Гуфтанист, ҳадаф аз баргузории симпозиуми байналмилалии «Донишгоҳҳои олии фарҳанг ва ҳунар дар паҳнои ҷаҳонии омӯзишӣ» тайёр намудани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва ҳунар, анъанаҳои миллӣ ва равандҳои муосир аст.
Манбаъ афзуд, масъулини имсолаи  конфронс  Кумитаи кор бо ИДМ-и Шӯрои федератсияи Русия,  вазорати фарҳанги федератсияи Русия, вазорати маорифи федератсияи Русия,  дастгоҳи президенти Тоҷикистон, вазорати фарҳанги   Тоҷикистон, вазорати маорифи Тоҷикистон ва созмони  «Ҷамъияти дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон»-у дигар сохторҳо мебошанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!