Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:24

Эътирози ситоди номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон

16 май 2011, 06:28

Ситоди интихоботии Толибшоҳи Сайидзода, интихоботи ҳавзаи Синоро баргузорнашуда ҳисобида, баъд аз зӯҳри имрӯз нишасти матбуотӣ доир мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон чанд лаҳза пештар натиҷаҳои ниҳоии интихоботи миёнадавраиро аз ҳавзаи интихоботии Сино рақами 4 эълом дошт. Тибқи иттилои ин комиссиюн, дар ҳавзаи якмандатии ноҳияи Сино № 4 аз 68 266 нафар интихобкунандагон 55 207, ё ҳудуди 81 % -и интихобкунандагон ширкат карда, раъйи худро додаанд. Ҳамин тавр, ба ҷонибдории Амирқул Азимов  35 162 нафар, ё 62, 89%, ба тарафдории Толибшоҳи Сайидзода (Саидов)  8942 нафар ё муодили 15,99 %  ва ба  Сафарбек Манонов  5534 ё баробар ба 9,9 фисад, Музаффар Мирзоев  4243 нафар, ҳудуди 7,59 фойизи интихобкунандагон овоз додаанд.

Дар ҳамин ҳол, ситоди номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон Толибшоҳи Сайидзода, аз тақаллуб ва қонуншиканиҳои зиёд дар интихоботи дирӯза сӯҳбат карда мегӯянд, дар бархе аз маҳаллаҳо иштироки интихобкунандагон дар пояи суст ҷараён дошт. Ҳамзамон, барои иштироки мардум дар интихобот масъулин обу барқи онҳоро қатъ карда, онҳоро гурӯҳ-гурӯҳ ба участкаи овоздиҳӣ ҳозир мекарданд.

Ба қавли масъулини ситоди Саидов, мизони иштироки интихобкунандагон на бештар аз 25 дарсадро ташкил медод ва дар ин росто метавон ҳадс зад, ки интихобот баргузор нашудааст.

Ёдрас менамоем, интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Сино ба курсии вакили парлумони Тоҷикистон рӯзи 15-уми май сурат гирифта, сабқат миёни 4 номзад, Амирқул Азимов аз ҲХДТ, Толибшоҳи Сайидзода   ва Сафарбек Манонов худпешбарию Музаффар Мирзоев аз Ҳизби аграрӣ баргузор шуд.Вакили собиқ аз ин ҳавза, Шермуҳаммади Шоҳиён феълан ба симмати раиси комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ифои вазифа дорад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!