Бахшҳо

Судя: Ба Худо Қудратов ба ман маблағ надодааст

Шерзод Низамов, додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷик дар пешниҳоди пора ба ӯ муттаҳам мешавад, имрӯз, 18-уми декабр дар Додгоҳи Душанбе шоҳидӣ дод.

Низамов зимни баромадаш дар додгоҳ изҳор дошт, Шуҳрат Қудратов назди ӯ омад ва дархост кард, зерҳимояаш бегуноҳ асту бояд сафед шавад ва афзудааст, “боз хизмататонро мекунем”.

Низамов изҳор дошт, зери мафҳуми “хизмат” намедонад, ки Шуҳрат Қудратов чиро дар назар дошт, вале ба Худо қасам хӯрд, пораи пулӣ ба ӯ пешниҳод накардааст. Шуҳрат Қудратов изҳор дошт, зери мафҳуми хизмат ё ёрии ҳуқуқӣ, хӯрдани ғизои нисфирӯзӣ ё хизматрасонӣ ба воситаи мошини худ дар назар дошт: “Мошин дорам, дар назар доштам, ягон хизмат шуд, кӯмак мекунем.”

Ин дар ҳолест, ки аз рӯи моддаи 320–и Кодекси ҷиноӣ Қудратов дар он айбдор мешавад, ки барои сафед кардани зерҳимояаш - Амиралӣ Суламаев аз ӯ гӯиё 2 ҳазор доллар талаб карда, гуфтааст, ин маблағро ба судяи раисикунандаи парванда, яъне Низамов Шерзод медиҳад. Амиралӣ Суламаев як ҳамҷавобгар будааст, ки ҳамроҳ бо Парвиз Бадалов дар расондани зарари молӣ ба ширкати “Пайванд” айбдор мешудаанд.

Шерзод Низамов зимни шоҳидияш дар додгоҳ изҳор дошт, рӯзи 18-уми июли соли равон Суламаев наздаш даромада, изҳор доштааст, ки барои сафед шуданаш 1,5 ҳазор доллар дода, боз 1000 доллари дигарро низ медиҳад. Низамов гуфт, ин изҳороти Суламаев барояш ғайриинтизор буданд ва маслиҳат додааст, ки ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунад: “Худам фавран дар бораи ин ҳодиса ба раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузориш навиштам ва аз баски раиси суд набуд, онро муовинаш қабул кард.”

Низамов дар мавриди шоҳидии Бадриддин Қаноатов, раҳбари ширкати “Пайванд”, ки дар парвандаи Суралаев ба ҳайси ҷабрдида баромад мекардааст, изҳор дошт, ки дар ёдаш нест.

Бадриддин Қаноатов, раҳбари ширкати “Пайванд”, 17-уми декабр дар мурофиаи Шуҳрат Қудратов шоҳидӣ дод, ки як бор бо вакили дифоъ Қудратов ва додрас Низамов мулоқот кардааст. Раиси ширкати “Пайванд” гуфт, дар мулоқот Қудратов ва додрас ба ӯ пешниҳод кардаанд, бо гирифтани ҷуброни зарар дар ҳаҷми 1,5 ҳазор доллар аз гуноҳи зерҳимояи Қудратов гузарад, чун бачаи камбағал аст: “Қудратов гуфт, зерҳимояаш ҳозир 1,5 ҳазор доллар медиҳад, баъдан боз 500 доллари дигарро зам мекунад. Ман гуфтам, ки 1,5 ҳазор доллар 7 ҳазор сомонӣ мешавад, шумо онро якбора 10 ҳазор сомонӣ карда диҳед, ман аз гуноҳаш мегузарам. Аммо баъдан хабари боздоштро шунидам.”

Аммо Низамов дар мурофиаи 18-уми декабр изҳор дошт, ки ин созишро дар ёд надорад ва инчунин ба суолҳои Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Қудратов дар бораи ҷузъиёти суҳбатҳояш дар Оҷонсии зидди фасод “сирри тафтишот” гуфта ҷавоб надод.

Дар ҳамин ҳол мурофиаи навбатии Шуҳрат Қудратов то рӯзи чоршанбеи 24-уми декабр мутаваққиф гузошта шуд.

Шуҳрат Қудратов аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) муттаҳам мешавад. Шуҳрат Қудратов 21 июли соли ҷорӣ боздошт шуда ва то имрӯз дар боздоштгоҳ аст.
Мӯҳр
Пешхизмат
Дар фонди лугавии имрузаи Точик калимаи “хизмат” чудо хам гуногунмаъно ва аз доираи фархангиаш баромадаги. Нафакат судяхо, балки мардума одди низ ба маънии дурусти он, сарфахм намераванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)