Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:59

Картошка дар Тоҷикистон арзон мешавад

20 сентябр 2011, 07:09

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, имсол дар кишвар ҷамъоварии 850 ҳазор тонна картошка дар назар аст, ки аз талаботи солонаи аҳолии мамлакат 90 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.


Тавре аз Вазорати мазкур ба «Озодагон» хабар доданд, то 15 –уми сентябр дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии кишвар 107 ҳазор тонна, аз ҳар гектар 199 сентенер картошка ҷамъоварӣ шудааст.

Манбаъ таъкид намуд, ки ҳосилғундории картошка ба наздикӣ оғоз шудааст, аллакай баъди воридшавии ҳосили нав нархи он дар бозорҳо поён рафта истодааст. Дар ин робита масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, зимни сўҳбат бо хабаргузории «Озодагон» тасдиқ карданд, ки картошка дар даҳаи дуюми моҳи сентябр арзонтар шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар давоми даҳ рўзи аввали моҳи сентябр нархи картошка дар бозорҳои Душанбе ҳудуди 20 дирам боло рафта, ба 1 сомонию 80 дирам расид, аммо дар 5 рўзи даҳаи дуюм ҳудуди 10 дирам поён рафта, нархи миёнаи як кило картошка ба 1 сомонию 70 дирам баробар шудааст.

Таҳлилгарони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳам бо такя ба ҳосили интизории хуб, арзоншавии минбаъдаи картошкаро пешгўӣ мекунанд.

Маврид ба ёдоварист, бо фармони президенти Тоҷикистон, аз соли гузашта содироти баъзе намудҳои озуқа аз кишвар, аз ҷумла картошка манъ аст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!