Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:02

Омодагии комиссариатҳои ҳарбӣ ба даъвати тирамоҳии наваскарон

21 сентябр 2011, 10:56

Ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти масъулини вобастаи комиссариатҳои ҳарбӣ дар самти омодагӣ ва сафарбарӣ тибқи нақшаи пешбинишудаи раёсати ташкил ва сафарбарии ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳ машғулиятҳои серӯзаи методӣ-таълимӣ сурат пазируфт.


Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи дафтари матбуоти вазорати мудофиа ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ҷамъомади мазкур дар пойгоҳи чанде аз комиссариатҳои ҳарбии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо ҷалби комиссарони ҳарбӣ, муовинони онҳо ва дигар масъулини вобастаи омодагии сафарбарӣ ташкилу ба роҳ монда шуд.

Манбаъ афзуд, тамринҳои таълимӣ ба таври назариявӣ ва аз рӯи мавзӯи омодагии сафарбарӣ ҷараён гирифт ва аз рӯи ин машғулиятҳо дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳ монда шуд ва тибқи талаботи оинномаҳои ҳарбии қувваҳои мусаллаҳ ва мувофиқи нақша аз рӯи омӯзиши дарсҳои сафороӣ, оташандозӣ, қадамзанӣ, ба қисмҳо ҷудо намудану омода кардани аслиҳаи ҷангӣ ва дигар машқҳои ҳарбиро дар бар мегирифт.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!