Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:37

Девонаев: Таъсиси «Маркази ягонаи муҳоҷират» ба нафъи муҳоҷирон аст

22 сентябр 2011, 03:48

Масоили будубош, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия баррасӣ гардид.


Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ин масоил зимни мулоқоти Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират бо Елена Дунаева, роҳбари Хадамоти муҳоҷирати федералии Русия дар Душанбе матраҳ шуд.

Манбаъ афзуд, Девонаев  таъкид намудааст, ки ҳамкориҳои судманд дар самти ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ бо Федератсияи Русия ва минтақаҳои гуногуни он густариш меёбанд. Дар ин нишаст аз меҳмонон барои ташкили «Маркази ягонаи муҳоҷират», ки дар Санкт –Петербург ҷойгир асту дар ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон нақши арзанда дорад, изҳори минатдорӣ гардид. Мақсад аз таъсиси « Маркази ягонаи муҳоҷират» пешниҳоди хизматрасонӣ ба муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ, таъмини шароити ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо дар хадамоти муҳоҷирати федералии Русия ва расонидани кӯмаки амалӣ доир ба ҷалби муташаккилона ба истифодабарии қувваи кории хориҷӣ мутобиқ ба касбу ихтисосҳои зарурӣ мебошад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!