Бахшҳо

Кумитаи дин: 2896 тоҷикро баргардондему 158 нафарашон ҳанӯз дар хориҷанд

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 158 шаҳрванди кишвар дар хориҷ ба таҳсили ғайрирасмии динӣ машғуланд.

Тавре масъулини кумита дар нишасти хабарии ин ниҳод рӯзи 6 январ дар шаҳри Душанбе хабар доданд, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар ғайрирасмӣ таълимоти динӣ мегирифтанд, 3 ҳазору 54 нафарро ташкил медод. Ба қавли онҳо, дар натиҷаи “андешидани чораҳои зарурӣ дар маҷмӯъ 2896 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуданд.”

Тибқи иттилои масъулини Кумитаи дин, дар соли сипаришуда 23 иттиҳодияи динӣ дар қаламрави кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин нишондод, як ташкилоти динии Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ, як масҷиди ҷомеи марказӣ, чор масҷиди ҷомеъ ва 17 масҷиди панҷвақта мебошад.

Масъулини Кумитаи дин шумораи боз шудани парвандаҳо дар робита ба нақзи талаботи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро 567 адад эълон намуданд, ки аз ин нишондод 15 ададаш зимни баррасӣ қатъ гардидаанд. Ба иттилои манбаъ, аз ҳама бештар риоя нашудани талаботи ин қонун дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст: “Дар вилояти Хатлон 161, вилояти Суғд 209, шаҳри Душанбе 81, вилояти Бадахшон 12 ва дар шаҳру навоҳи тобеи марказ 104-то ба қайд гирифта шудааст”.
Мӯҳр
Ризомахмад
Баракат ба касбу кори Кумитаи дин. Агар Кумита назората аз болои танзими анъана ва чашну маросимҳо боз сахтар гирад, чи кадар ба миллат манфиатовар ва дар рохи Худошиноси савоби бузург аст.

786 Кулоб
786
Салом миллат ва салом бачахои кумитаи дин, хаста набошен, Худо кувват. ИншоАллох бо хавлукувати Илохи шумо бтонен хизмати хакро кунену миллат ва мардумро аз саргардони ва изтироб бирахонену аз тероризми чахони давлати терористии доиш мардум ва фарзандонашонро огох кунен ва начот тиен бо кумаки Аллох. Мо хам барои дарчои худ карор гирифтани ХАК, дуо мекунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)