Бахшҳо

ВИДЕО: Раҳмон маъракаи махсуси интиқодӣ алайҳи Убайдуллоевро рад кард

Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон роҳандозии маъракаи густурдаи иттилоотӣ алайҳи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанберо дар телевизионҳои давлатӣ рад кард.

Раиси Кумитаи радио ва телевизион имрӯз, 9 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ягон хел маъракаи супоришии танқидӣ алайҳи шаҳрдории пойтахт вуҷуд надорад ва шабакаҳои телевизион танҳо рисолаташонро иҷро карда, камбудиҳоро гуфта истодаанд. Ӯ таъкид намуд, тамоми маводи интиқодӣ, ки аз шаҳри Душанбе таҳия шудаанд, асоси воқеӣ доранд: “Чанд бор хостанд барои маводи танқидӣ моро ба суд диҳанд. Аммо маводи таҳиякардаи телевизион дар асоси далел пешниҳод шуда буд. Ин ҷо ғаразу супорише нест. Ҳар кас чӣ фикре дорад ба виҷдонаш ҳавола мекунем. Мо гуфтани мушкилоту проблемаҳоро идома хоҳем дод. Хабарнигорҳои мо мехоҳанд пойтахтро намуна бинанд ва мушкилоту камбудиҳоро ба раисони ноҳияҳо ва шаҳрдор бирасонанд.”

Асадулло Раҳмон илова намуд, феълан мушкилот дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ҷой доранд, аммо ба далели камфаъолиятии хабарнигорони минтақавии телевизионҳои давлатӣ ин мушкилот саривақт нишон дода намешаванд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи нашри маводи танқидӣ аз шаҳри Душанбе бархе аз коршиносон ҳадс заданд, алайҳи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт маъракаи супоришии иттилоотӣ роҳандозӣ шудааст.


Мӯҳр
точик
Ин хакикат дорад охир раиси тв одами болотар ку, ин аз дигар круг, убайдуллоев аз дигар круг.

Рохгузар
Барои нишон додани маводхои парнаграфи успет мекунеду барои мушкилоти мардумро нишон додан вакт надоред шумо. Ин раис тамоман нисбати забони точики эхтиром намегузоштааст. Ин бояд барои дигаро намуна бошад дигаро аз ин раис чи ёд мегирифта бошанд ман хайрон наход калимаи мушкилота ( проблема ) истифода бари боз дар нишасти матбуоти дар байни хабарнигоро карор дорад. Э вой ояндаи забони точики чи мешавад Худо медонад

.
Аз Убайдуллоев бут насозед. Шахр пур аз камбуди, бардак. Бигузор танкид кунанд то онхо кори халол кунанд.

корбар
эээ акамо рахмон шуданд ми,мубораке, лекин рости гап умуман телевизионатон тамошобоб нест, ба чуз хушомад, мадху санои дилбазан ва дуругин, аз телевизиони пургарази шумо дида хизматхои мухтарам М.Убайдуллоев барои халк аён аст, мо дида истодаем, ки чи кор мекунад,

Бойсун
ба чони якдигар афтодаанд!

Салом
Салом бародарон.

Мегум ки муҳтарам раси дар корхонаи Шумо проблемаҳо вуҷуд надоран? ҳар як қадаме ки Шумо мегузоред пур аз проблемаҳо ҳаст. барои обод кардани соҳаи худатон кор кунеду дигар одамҳоро паст назанед? Рости ман худам безор Шудаст аз он чизе ки телевизионҳои тоҷикистон нишон медиҳан. Ҳамон боғи ирам дар ҷонам зад. 2 Куҳе ки доред безор Шудем аз тамошооаш.. Агар ки Шумо ватан дуст бошед соҳаи телевизионро обод кунед на ин ки аз пушти раиси шаҳр гаштаву проблемаҳои шаҳрро ба дигарон расонед. Ҳама худаш медонад, ки дар куҷо проблемаҳо ҳастан.....

Точикча
Убайдуллова сиёсати шахрдориаш ба талаботи давру замон, вобаста ба доираи мафкураи аксарияти шахршинони ирузаи мо мувофикат мекунад. Аз хама мухимаш у марди сиёсат ва хамеша пуштибони сиёсати Чаноби Оли дар даврони Истиклолият буд ва хохад монд.

Шамс
Барномахои телевизиона бехтар кунед. Филмхои хоричиро бо забони точики руи навор биоред. Мо мефахмем, ки филмхои Точикии хозиразамон камчин аст. Акалан, филмхои тасвири- мултикои афсонахои халки точика, барои насли хурдсол, руи оинаи нилгун биоред. Чи, кор кам аст барои бехбуди дар ТВ.

илхоми
ИИИ пойтахтро касе намебинад камбудиашро ба чойи намуна будан монанди дерева аст

Ин як бозии пешазинтихоботиест. Вале дустдорони "курбони"-хо метавонанд зик нашаванд-дар пеш моро бухрони шадиде интизор аст, ки дар натичаи он солхои 2000-2014-ум хамчун солхои тиллоии Точикистон дар хотирахо мемонад. Дар он вакт хукуматдорон мачбур мешаванд, ки бисер наздикон ва бизнесхои монополии худро "курбони" кунанд.

Хисоби
Хамин кормандони масъули Хукумат хисобот медиханд, барои чи бошад, ки аз камбудихояшон харф намезананд. факат таъриф ва худнамоишдихи дигар ягон чизе, ки барои навъи мардум бошад харфе намезананд. Бас будагист.

Душанбеги
салом Акаи Асадулло,тазияи маро кабул намоед , ба Шумо рахмат як ТВТи нимколаи аналоги буд, 70 сол касе гайрати як филиал карданро надошт хама ба хонасози ва навбат меистодану хона аз горисполком мегирифтан,ин анана аз байн рафт ноборот шуд кадом пенсионер ва бе парастор вафот кунад хонаашро тез мегиран инро як бор тахлил кунедилтимос. ва шумо 4ор шабака кардед ташакур болои ин вазифаи шахдорироам ичро карда ба 70 нафар бе навбат хона додед пас оиномаи шумо аз шахрдори чи фаркият дорад саломат бошед .калон кардагитонба рахмат

Бародари Асадулло хама барои шумо кихаву шумо лоло? Бародари азиз шумо худ ба амнияти иттлооти камее назар кунед!! Агар душманонии миллат спутникхоро корношоям кунанд шумо ба рустохову нохияхои дурдаст чи тавр ТВТ ву Сафинаро пахш хохед кард? Зеро ки ягон стансияи аналог-и шумо кор намекунад. Шояд барои корбарии он стансияхо шумо пул чудо мекунед. Вале онхо кор намекунад. Чаро стансияи мобилии дилхох ширкати мобили дар рустохои дурдаст кор мекунаду аз шумо не?

Ана ин проблемахоро чаро дар эфир нишон намедихед ?
точик,

Бисер вакт мушкилоти мардум ба чашми рузноманигорон бар мехурад. Аммо аз чи бошад, ки шахрвандони чабрдида аз гуфтни мушкилоти худ ба хабранигорог худори мекунанд. Барои хамин хам мушкилоташон хал намешавад. Агар мардум бо ВАО хамкори зичро ба рох монад масъулони ниходхои дахлдор шояд аз хоб бедору ба дарди бардум расидаги кунанд. Л

Аз кудом вакт боз Асадулло махзани «ростгуӣ» шудааст?
Ако Асад мисли хонумхои чакафруш хеч аз тасдики турушии чакаи чакафуруши хамсоя даст накашидед дя.
О як ба мазмуну мухтавои барномахои телевизионии худ назар афканед чи сон «хадафнок» аст?
Чаро аз холу ахволи мардуми навохи сюжет, барнома пахш намекунед, чаро аз холати кутоспарвариву, роххои валангори дангара барнома намесозед ва чаро аз беобии рустохои хатлон намегуеду факат вирди забонатон баклашкахои Душанбесту мусори он.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)