Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 15:59

Кумита: Хушкшавии шоҳбулутҳо дар Душанбе айби Узбакистон аст

13 январ 2015, 11:18

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон эътироф намуд, ки соли сипаришуда дар қаламрави шаҳри Душанбе ҳазору чор адад шоҳбулут, ки аз кишвари Белгия оварда шуд, хушк гардидаанд.

Толибҷон Раҳимов, сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар имрӯз дар нишасти хабарии созмонёфтае дар хушкшавии ин шоҳбулутҳо ҷониби Узбакистонро айбдор кард. Ӯ гуфт, замони интиқоли ин дарахтон аз Аврупо ба пойтахти Тоҷикистон тавассути Узбакистон ин кишвар ба таъхиркорӣ роҳ дод, ки дар натиҷа решаи онҳоро дар сарҳади кишвар ҳамсоя хунукӣ задаааст ва ин монеи сабзиши онҳо шуд.

Ҷаноби Раҳимов дар идома гуфт, буҷаи Тоҷикистон аз хушкшавии шоҳбулутҳо зиён надидааст, зеро ба қавли ӯ, ширкате, ки ин дарахтонро овардааст, барои онҳо як сол кафолат дода буд. Сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе мегӯяд, аз ҳазору чор шоҳбулути хушкшуда то имрӯз 667 адади он барқарор шудааст.

Шоҳбулутҳои белгии хушкшуда баҳори соли сипаришуда бар ивази 22 миллион сомонӣ харидорӣ шуда дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе шинонда шуд, аммо аксаран хушк гардид ва онҳоро зуд аз реша тоза карданд. Ба ҳисоби миёна ҳар яки ин шоҳбулутҳо ҳудуди 1500 доллари амрикоӣ нарх дошт.

Толибҷон Раҳимов афзуд, дар маҷмӯъ дар ҳудуди пойтахти кишвар беш аз 43 ҳазор ниҳол шинонда шудааст, ки 85 дарсади онҳо сабзидаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • дарахтзор

  • 13 январ 2015 11:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
22 миллион сомониро ба чар андохтед, чаро худатонро гунахгор намешуморед, барои чи шуморо ба чавобгари накашиданд???????
Посух додан
  • .

  • 13 январ 2015 11:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар як шохбулут 1500 доллар буда метавонад? Фаттох Саидов бояд муайян кунад, ки кадом шахс аз хисоби баланд бардоштани нарх киссаашро пур кардааст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!