Бахшҳо
13 янв 2015 12:08Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Шуҳрат Қудратов ба 9 соли зиндон маҳкум шуд (АКС+ВИДЕО)

Додгоҳи Душанбе имрӯз, 13-уми январ Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси муттаҳам дар қаллобию фасодкориро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Тоҳирбек Мусобекзода, раисикунандаи мурофиа зимни эълони ҳукм изҳор дошт, ки бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазои Қудратов кам шуд ва аз рӯи ҳар ду парвандаи ҷиноӣ дар маҷмуъ ба 9 соли зиндон маҳкум гардид. Инчунин тибқи қарори додгоҳ баъди адои ҷазо Қудратов ду сол ҳаққи фаъолияти адвокатиро нахоҳад дошт. Раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ин ҳукм бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла бори аввал даст ба ҷиноят задани маҳкумшуда ва фарзандони ноболиғаш содир шудааст.



Ин дар ҳолест, ки Шуҳрат Қудратов рӯзи 12 январ зимни ироаи сухани ниҳоияш дар Додгоҳи Душанбе хост, тафтишоти судии парвандааш аз сар гирифта шавад, чун ҷузъиёти он дар рафти мурофиа пурра омӯхта нашудаанд. Қудратов иттиҳоми порадиҳиро алайҳи худ беасос хонда, изҳор дошт, боре ҳам аз пора суҳбат накардааст. Ӯ аз додрас хост 6 сабти суҳбатҳояшро, ки дар парванда ҷой доранд, омӯхта бинад, ки дар ягон ҷо ӯ дар бораи пул суҳбат накардааст ва мафҳуми пораро низ кор набурдааст: “Инчунин омӯхта шавад, ки дар сабтҳо суханҳои маро бурида мантаж кардаанд. Ба он низ таваҷҷуҳ шавад, ки сабти суҳбатҳои ман ғайриқонунӣ сурат гирифтааст, чун санади судӣ барои ин кор вуҷуд надорад.”

Ба гуфтаи Қудратов, худи Шерзод Низамов, додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ иқрор кардааст, ки ба ӯ пора пешниҳод накард, танҳо изҳор доштаам, хизмат мекунам: “Дар баёноти Низамов низ мухолифат дида мешавад. Дар як ҷо гуфтааст, ки намедонад, зери мафҳуми хизмат ман чиро дар назар доштам, дар як ҷои дигар ба ин суол посух додааст, ки пайхас бурдааст, ки ба ӯ пул доданӣ будаам.”

Ӯ инчунин аз айбдоркунандаи давлатӣ эърод гирифтааст, ки нишондодҳои раиси ширкати “Пайванд”-ро ба назар нагирифтааст, ки баёноти Қудратовро тасдиқ мекунанд. Аз он изҳори норозигӣ кард, ки мусодираи молу амволаш талаб карда шудааст: “Ақаллан исбот кунанд, ки телефони ман, ки ба сифати далели шайъӣ гирифта шудааст ва ё мошинам, ки дар ҳабс қарор дорад, бо роҳи ҷиноӣ ба даст омадаанд.”

Қудратов аз додгоҳ хост, парванда алайҳи ӯро аз рӯи моддаи порадиҳӣ қатъ кунад, чун дар аъмолаш таркиби ҷиноят дида намешавад.

Дар мавриди даъвои Турабек Охунов, ки Қудратовро барои аз худ кардани 7 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мекард, айбдоршаванда илова намуд, гарчанде аз Охунов маошашро гирифтааст, хешутабораш то ҳол маблағи мавриди даъвои Охуновро пардохт кардаанд. Ӯ аз додрас хост, ба ин масъала низ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хост, Қудратовро ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум созад ва бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи ин муҳлатро кам кунад. Аммо Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов дар Додгоҳи Душанбе ҳар ду парвандаи ҷиноиро алайҳи зерҳимояаш сохта ва фармоишӣ хонда, аз додрас озодияшро талаб кард.

Қудратов аз рӯи моддаи 320 дар он айбдор мешавад, ки барои сафед кардани зерҳимояаш - Амиралӣ Суламаев аз ӯ гӯиё 2 ҳазор доллар талаб карда, гуфтааст, ин маблағро ба судя медиҳад. Амиралӣ Суламаев як ҳамҷавобгар будааст, ки ҳамроҳ бо Парвиз Бадалов дар расондани зарари молӣ ба ширкати “Пайванд” айбдор мешудаанд. Аммо Қудратов иддао дорад, ин маблағҳо барои пардохти ҷуброн ба ҷабрдида - раиси ширкати “Пайванд” пешбинӣ шуда буданд.

Инчунин Қудратов аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Турабек Охунов қаблан иддао дошт, Қудратов зимни ҳимояи ҳуқуқҳои бародараш - собиқ раиси ширкати "Мовароуннаҳр" - Ҷурабек Охунов, 7 ҳазор доллари амрикоияшонро гирифта, то ҳол барнагардондааст. Тибқи баромади айбдоркунандаи давлатӣ Турабек Охунов бо Қудратов дар барои ҳимояи ҳуқуқи бародари боздоштшудааш, Ҷурабек Охунов созиш карда, ҳаққи ҳармоҳаи вакили дифоъро 500 доллари амрикоӣ муайян намудаанд: “Аммо моҳи сентябри соли 2012 Қудратов аз Охуновҳо боз 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ба ӯ 8 ҳазор доллар додаанд, ки баъдан ҳазор доллари онро баргардонда, 7 ҳазор доллари дигарро ба манфиати худ истифода кардааст.”

Дар мурофиаи рӯзи 24 декабр Турабек Охунов зимни шоҳидияш дар додгоҳ баён дошт, ки аз даъвояш алайҳи Қудратов даст кашид ва маблағҳоро низ бахшидааст. Охунов дар шарҳи ин тасмимаш ба “Озодагон” гуфт, “ман ҳоли Қудратовро дида ва фикри зану фарзандонашро карда, аз даъвоям даст кашидам.”


Шуҳрат Қудратов ба 9 соли зиндон маҳкум шуд (АКС+ВИДЕО)

Шуҳрат Қудратов ба 9 соли зиндон маҳкум шуд (АКС+ВИДЕО)

Шуҳрат Қудратов ба 9 соли зиндон маҳкум шуд (АКС+ВИДЕО)

Шуҳрат Қудратов ба 9 соли зиндон маҳкум шуд (АКС+ВИДЕО)

Шуҳрат Қудратов ба 9 соли зиндон маҳкум шуд (АКС+ВИДЕО)

Шуҳрат Қудратов ба 9 соли зиндон маҳкум шуд (АКС+ВИДЕО)

Шуҳрат Қудратов ба 9 соли зиндон маҳкум шуд (АКС+ВИДЕО)
Мӯҳр
Ачиб як нафар кормадисудро барои гирифтани 52 хазор доллар бо чарима аз толори суд чавоб медиханд ва адвокатро барои 1,5 хазор доллар 9 сол равонаи зиндон мекунанд. Инаст адолати суди

ана акнун Зоировро ёд карда бо зайд саид сухбат карда мешини.

Афсус, ки низоми судии мо то ба имруз як шохаи мустакили хокимият шуда натавонист ва аз хукук ва салохиятхое, ки дар Конститутсия ва дигар конунхои вобаста ба он ки дар руи когаз дарч гардиданд бархурдор нашуд. Додрас имруз ба доди чомеа расидаги карда наметавонад ва танхо хукми ноодилона нисбати шахрвандон бо мухлатхои тулони бароварданро дуст метавонаду халос. Окибати хама амали мо ба хайр бод!

Агар 11 сол дода бошанду аз он тибки конуни авф аз 3 як хиссашро кам мекарданд, бояд 7 сол медоданд. Ин чанд сол доданд, ки бо назардошти авф 9 сол гирифт. ПМаълум мешавад, ки хукм аз талаби прокурор хам зиёд шудааст.
ана адолати суди.

Баъд аз хукмхои 20 ва 25 соли равонаи зиндон ба кас 9 соли зиндон хукми каму хуш меояд вале ин ба гуфтан осон...рузи сиех ба шахсе ки гирифтори хукм аст

Афсус, ки бародари азиз хайф шуди, худо ба хешовандони наздикат сабру тахаммул дихад

Илтимос бесаводии худро нишон надихед. Шухрат Кудратовро на 9 сол балки 6 сол додаанд. Наход ки Шумо ин кадар бе савод бошед. Чунки аз 1/3 хисса ин шаш сол мешавад. Вой бар ходи озодагон

амир
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)