Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:58

Кӣ ҳақ аст? Вазири тоҷик ё сарвари ХБА

23 сентябр 2011, 04:20

Ҷаҳон дар садади бӯҳрони навбатии молиявист.


Ҷилавгирӣ аз ин кризис танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки ҳамаи кишварҳо талаботи дохилии худро дар ҳоли мувозӣ нигоҳ доранд. Ин нуктаро Кристин Лагард, сарвари Хазинаи Байналмилалии Асъор иброз дошт. Лагард, ки зимни як дидор бо журналистон дар Вашингтони Амрико сӯҳбат мекард ҳамчунин гуфт, ҳолати дар иқтисоди ҷаҳон ба миёномада ҳам ба кишварҳои мутараққӣ ва ҳам ба давлатҳои рӯ ба рушд таалуқ дорад.

Ин дар ҳолест, ки тақрибан як моҳ пештар Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар ба хабаргузории  «Озодагон» гуфта буд, ки мавҷи дуюми буҳрони иқтисодии дарпешистода ба Тоҷикистон таъсир нахоҳад кард. Номбурда он замон изҳор намуд, ки: «Мо нишондодҳои иқтисодии кишварҳоеро, ки ба онҳо муносибати зичи иктисодӣ дорем, аз қабили Чин, Русия, Туркия ва Эрон пайваста мавриди таҳлилу омӯзиш қарор медиҳем. Натиҷаи таҳлилҳо нишон доданд, ки мавҷи дуюми буҳрон ба иқтисодиёти кишвари мо таъсиргузор нест».{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!