Дар бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе маблағи пулии як донишҷӯро ба яғмо бурдаанд.
Тавре аз ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ҳамёни Нуроншоҳ Раҳмонзода, донишҷӯи бахши сеюми ДМТ, ки дар дохилаш 900 сомонӣ ва 200 доллари амрикоӣ доштааст, дар ин фурӯшгоҳ аз сӯи афроди номаълум ғорат шудааст.Зимни баргузории як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Сулаймон Занҷирови 24-сола бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят дастгир шудааст, алъон тафтиши қазияи мазкур идома дорад, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр