Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:49

Аҳмадинажод: Амрико бо баҳонаи таркишҳои «11-уми сентябри 2001» Афғонистонро ишғол кард

23 сентябр 2011, 05:30

Маҳмуди Аҳмадинажод, райисҷумҳури Эрон дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии СММ алайҳи Амрико ва сиёсати Кохи Сафед суханронӣ кард.


Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, ҳангоме ки президенти давлати исломӣ ба интиқоди ИМА ва амалҳои «пур аз иштибоҳ»-и роҳбарони он оғоз кард, ҳайати Амрико дастаҷамъона толорро тарк карданд. Маврид ба тазаккур аст, ки Маҳмуди Аҳмадинажод барои 7-умин бор аз минбари СММ ҳамлаҳои 11-уми сентябрро, ки дар Ню-Йорки ИМА иттифоқ афтод  (11-уми сентябри 2001), зери суол мебарад ва онро як ҳодисаи «торику мармуз» ва «баҳона» барои ишғоли Афғонистон унвон мекунад.

Ҳамзамон, Аҳмадинажод «Ҳолокост – қатли омми яҳудиён»-ро бепоя хонда гуфт, ин ибораи роиҷ ваҷҳе барои пардохти товон ба саҳюнистҳо аст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!