Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 19 август 2017, 06:39

Қурби доллар дар Душанбе паст фаромадааст

23 сентябр 2011, 05:50

Қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе каме паст фаромада, айни ҳол 4,8550-4,8720 сомонӣ хариду фурӯш карда мешавад.


Тавре масъули маркази матбуотии Бонки миллӣ Абдуғаффор Қурбонов ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, тайи чанд рӯзи ахир арзиши миёнаи асъори хориҷӣ нисбати сомонӣ дар нуқтаҳои мубодилаи пули шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ тамоюли пастшавиро дошт ва ба ҳисоби миёна 1 доллари  ИМА ба 4,8650-4,8760 сомонӣ, 1 рубли русӣ ба 0,1510-0,1530 сомонӣ ва 1 евро ба 6,6500-6,6700 сомонӣ хариду фурӯш мешуданд.Ба гуфти намояндаи Бонки миллӣ сабаби паст шудани қурби асъор дар ин рӯзҳо, зиёдшавии пешниҳод дар бозори дохилӣ мебошад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!