Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

Зархаридони рус давлати гузори Либияро намехоҳанд?

24 сентябр 2011, 06:34

Ҷонибдорони режими Муаммар Қаззофӣ аз зархаридони рус ҳам иборатанд.


Ин нуктаро Маҳмуд Ҷабраил, раҳбари шӯрои миллии гузори Либия зимни нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк, макони баргузории ҷаласаи 66-уми Асамблеяи генералии СММ  иброз доштааст. Ба қавли вай Қаззофӣ ҳоло низ пули зиёд дорад ва «нафарони зиёдеро ба сифати зархарид ҷалб кардааст».

Аммо Ҷабраил дар посух гуфтан ба теъдоди дақиқи зархаридони хориҷӣ, ки ба ҷонибдории Қаззофӣ меҷанганд, душворӣ кашидааст. Гуфтанист, қаблан чандин маврид расонаҳо аз ширкати зархаридони Украина ва Белорус ба ҷонибдории раҳбари Либия навишта буданд, аммо аз русҳо ном бурда намешуд. Дар ҳамин ҳол намояндагони Муаммар Қаззофӣ низ шӯрои миллии гузорро бо он муттаҳам мекунад, ки дар амалиётҳои ҷангӣ аз нерӯи ҳарбии хориҷиён истифода мебарад. Чанде пештар нерӯҳои содиқ ба Қаззофӣ 17 зархаридеро дастгир намуданд, ки дар амалиёти шаҳри Бани Валид ба нерӯҳои шӯрои милии гузор кӯмак кардаанд. Гуфта мешавад, бештари онҳо шаҳрвандони Фаронсаанд. Ҳамчунин аз ду бритониёӣ, як нафар аз Қатар ва намояндаи яке аз кишварҳои осиёӣ низ ном бурда шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!