Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:22

Расул Боқиев бо гуштигири узбак «даст ба гиребон» мешавад

24 сентябр 2011, 06:43

Имрӯз ва фардо, 25 сентябр дар шаҳри Алмаатои ҷумҳурии Қазоқистон сабқати Ҷоми Ҷахон оид ба дзюдо баргузор мегардад.


Муродалӣ Тешаев, сухангӯи дафтари матбуоти кумитаи миллии олимпӣ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар мусобиқа шарафи Тоҷикистонро 12 варзишгар ҳимоя хоҳанд кард.

Хушбахт Қурбонмамадов (дар вазни 60 кило), Ҷасур Шамиров (66 кг), Расул Боқиев, Ҳотамшоҳи Абдуғанӣ (73 кг), Шерзод Шайхов, Самад Мирулоев, Фарҳод Раҳимов (81 кг), Нематулло Арслонқулов, Фурқат Назриев, Парвиз Собиров (90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (100 кг) ва Абубакр Раҳмонов дар вазни аз 100 кило боло дар ин мусобиқот иштирок мекунанд.

Манбаъ гуфт, тибки рӯйхати тасдиқшуда пас аз чанд лаҳза ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Расул Боқиев нахустин рақобаташро бо варзишгари Ӯзбакистон Сӯҳроб Дустов баргузор мекунад.

Дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон оид ба дзюдо ширкати 250 варзишгар аз тамоми ҷаҳон дар назар аст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
salom alekum maham muxlishi rasul bokiyov hastam hamara ba murodu maxsadashon birasonad e rabul olamin

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!