Бахшҳо
11 фев 2015 11:33Тоҷикистон / Сиёсат

Нигаронии Созмони ҷаҳонӣ аз "кашолакунӣ"-и мӯйсафед аз қафои мошин (АКС)

Созмони ҷаҳонии мубориза алайҳи шиканҷа бо нашри як изҳорот аз коҳиш наёфтани ҳолатҳои шиканҷа дар Тоҷикистон нигаронӣ кардааст.

Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, 10 феврали соли равон, расо 20 сол мешавад, ки Тоҷикистон эъломия дар мавриди мубориза алайҳи шиканҷа ва бадрафториро ба тасвиб расондааст, аммо то ҳол ин рафторҳои номатлуб дар Тоҷикистон васеъ кор бурда мешаванд: “Мақомоти Тоҷикистон 10 феврали соли 1995 бо тасвиби созишнома дар мавриди мубориза алайҳи шиканҷа уҳдадор шуданд, шаҳрвандонро аз бадрафторӣ ҳимоят кунанд.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Созмони ҷаҳонии мубориза алайҳи шиканҷа танҳо давоми солҳои 2011-2014 аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии алайҳи шиканҷа 100 ҳолати бадрафторӣ нисбати занон, мардон ва ноболиғон сабт шудааст, ки дар аксар ҳолатҳо гунаҳкорон беҷазо мондаанд: “Гуруҳи дигари ҷабрдидаҳои шиканҷа аз тарси фишору қасосгириҳо аз шикоят ба мақомот худдорӣ мекунанд.”

Созмони ҷаҳонӣ бо истиқбол аз ворид кардани моддаи шиканҷа – 143 ба Кодекси ҷиноӣ, таъкид мекунад, ҳанӯз ҳам корҳои зиёде барои решакан кардани шиканҷа бояд анҷом дода шаванд: “Аз ҷумлаи ҳимояи ҳуқуқи боздоштшудаҳо, муҷозоти дастандаркорони шиканҷа пурзӯр ва низоми мустақили таҳқиқи мавориди шиканҷа роҳандозӣ шавад. Бояд боздидҳои эълоннашуда ва бемаҳдуд аз ҷойҳои ислоҳӣ бештар гарданд.”

Инчунин ин созмони байналмилалии мубориза бо шиканҷа қазияи Самандар Ҷалолзода ва бобои 64-солаашро зикр намудааст, ки додситонии Панҷакент 7 январи соли равон ифтитоҳи парвандаро аз рӯи ин ҳодиса рад кардааст ва феълан ин масъала дар баррасии додситонии вилоят қарор дорад.

Самандар Ҷалолзода, як ҷавони шаҳри Панҷакент мегӯяд, маъмурини пулиси ноҳия шаби 4 декабри соли 2014 беасос ӯро латту кӯб ва бобои 64-солаашро бо мошинашон даҳҳо метр кашола карда, маҷруҳ намудаанд. Ҷалолзода дар аризаи шикоятияш ба додситони вилояти Суғд, ки нусхаи он дар ихтиёри “Озодагон” қарор гирифт, изҳор медорад, тақрибан соатҳои 22:00-и 4 декабр дар назди таваллудхонаи ноҳия ӯ барои кӯдакаш дору харида интизори омадани бобояш - Камол Ҷалолов мешавад. Дар ин вақт ду нафар бо либоси ғайринизомӣ тирезаашро кӯфта талаб мекунанд, ки фарояд. Ӯ вақте кӣю чӣ буданашонро мепурсад, онҳо бо истифодаи таҳдиду зуроварӣ ва дашном ӯро латукӯб ва аз мошин кашида, “мо милиса” гӯён ба мошини худашон савор мекунанд: “Дар ин миён чанд бор дар сарам заданд, ки бобоям низ расида омад. Шумо кистеду чӣ кор мекунед-гӯён дари мошини милисаҳоро дошт. Аммо як милиса ба дигараш “ҳай кун” гуфт ва онҳо тақрибан 40 метр бобоямро кашола карда бурданд, ки дар ниҳоят вай ғалтиду маро ба шуъба бурданд. Дар шуъба маро бе ягон асос лутукӯбу ҳақорат намуданд, ки бобою падарам низ расиданд.”

Самар Ҷалолов, падари Самариддин мегӯяд, вақте ба шӯъбаи корҳои дохилӣ расид падари хуншорашро дид ва овози писарашро шунид, ки мавриди латту кӯб қарор дошт: “Дарҳол талаб кардам, ки сардори шӯъбаро фарёд кунанд, аммо муовини сардори шӯъба -- Раҳимов Ҷамшед ҳозир шуд.”

Самар Ҷалолов мегӯяд, муовини сардори шӯъба ҳоли хуншори падари мӯйсафед ва ҳолати писарашро дида, гуфтааст, ҳамаи хароҷоту доруҳои табобатиро таъмин мекунад ва онҳоро аз шӯъба ҷавоб додааст. Оилаи Ҷалоловҳо мегӯянд, масъулини милиса аз онҳо хостаанд ба ҷое даъво набаранд, чун кормандони милиса “ҷавонӣ” кардаанд. Аммо Самар Ҷалолов мегӯяд, “охир ин муносибати ваҳшиёна аст ва гунаҳкорон бояд ҷавоб диҳанд. Писари ман ягон ҷинояткор нест ва ӯро ҳамаи ноҳия мешиносад, ки як камаз дораду ба кашондани кумур ва фурӯши латта машғул аст.”

Ин хонадони ҷабрдида талаб дорад, ки дастандаркорон муҷозот шаванд.

Аксҳои Камол Ҷалолов ва Самандар Ҷалолзода:


Нигаронии Созмони ҷаҳонӣ аз "кашолакунӣ"-и мӯйсафед аз қафои мошин (АКС)

Нигаронии Созмони ҷаҳонӣ аз "кашолакунӣ"-и мӯйсафед аз қафои мошин (АКС)

Нигаронии Созмони ҷаҳонӣ аз "кашолакунӣ"-и мӯйсафед аз қафои мошин (АКС)

Нигаронии Созмони ҷаҳонӣ аз "кашолакунӣ"-и мӯйсафед аз қафои мошин (АКС)

Нигаронии Созмони ҷаҳонӣ аз "кашолакунӣ"-и мӯйсафед аз қафои мошин (АКС)

Нигаронии Созмони ҷаҳонӣ аз "кашолакунӣ"-и мӯйсафед аз қафои мошин (АКС)

Нигаронии Созмони ҷаҳонӣ аз "кашолакунӣ"-и мӯйсафед аз қафои мошин (АКС)

Нигаронии Созмони ҷаҳонӣ аз "кашолакунӣ"-и мӯйсафед аз қафои мошин (АКС)

Нигаронии Созмони ҷаҳонӣ аз "кашолакунӣ"-и мӯйсафед аз қафои мошин (АКС)
Мӯҳр
Шер
Хатман чабрдида ба ВКД Чумхури шикоят кун ва чазояшонро хоханд гирифт ин амала содир намудагихо, дар пеши конун чавоб хохад дод касе набошад.

тавба
Бераҳмиии бад мегӯянд мардум инҳоро бад мебинанд

ин милисахо фарзандони кихоянд ва аз кадом чой онхоро ба Панчакенти таърихи ба кор равона кардаанд? вакте ки ин гуна органхо ба ягон нохия меоянд бояд расму оинхоро риоя кард.

ин милисаха аз худ рафтаанд вазорат кучоро нигох мекунад ки инхел хоинои давлатро ба кор мегиранд аз кор дав кунед шона хамаи отделоя аз харомо тоза кунед

Аз Вазири корхои дохила як илтимос дорам,ки дар вилояти Сугд дар хама районхояш аз чануб милиция ба кор равон кунанд зеро дар ин вилоят хизбхои хархела зиёданд,чинояткорон ба милесахои худашон онкадар ахмият намедиханд худи гуфта. Генерал Шариф Назаров хело хуб кор карда истодааст офарин ба Генерал.яктоаш дар каментарияш навиштааст ки милесахо фарзандони кихо бошанд,инхо дар хизмати халк хастанд то ки шумо бахузур хоб кунед,

чавоб ба фаро:ту худат ба фикрам аз хамон минтака хасти ки чунин навишта кади.

тезрав
Вазир, милисаро аз ифлосхо тоза кунед! Милиса набояд одамтарсонак бошад. Милиса -конун- тартиб - бовараии халк - боварии-президент.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)